Мактабҳои варзишии кӯдакона ва барои ҷавонон

Мактаби варзишӣ ва дастовардҳои он

    Дар шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ аз 25.01.1994 кор ва фаъолият намуда истодааст. Дар Мактаби варзишии шаҳр 67- нафар коргарон фаъолият менамоянд, аз ҷумла: 26- мураббӣ 3- дастурдиҳанда аз рӯи 14 намуди варзиш, дар 52 гурӯҳ машқомӯзӣ мекунанд. Ду мураббии мактаби варзишӣ Рӯстамов Баҳром ва Гулов Абдулҳақ дорои унвони фахрии «Корманди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва се нафар мурабии дигар Хоҷаев Маҳмуд, Рустамов Маъруф ва Азимов Абдураҳим дорои унвони «Мурабии шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» мебошанд.

    Варзишгарони шаҳри Кӯлоб дар се моҳи соли 2018 дар мусобиқаҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ иштирок намуда сазовори 19 медал гардидаанд: аз ҷумла: 3-медали тилло, 6- медали нуқра ва 10- медали биринҷӣ.

   Бо ифтихор метавон номи дастпарварони Муассисаи давлатии мактаби варзишӣ Искандари Рустам, Мавзуна Чориева, Файзиев Қосим, Муродов Шералӣ, Наботов Азамат, Дониёров Орзу, Хайрандеши Муродали ва Сагизов Бахтоварро бо забон овард, ки варзшгарони номбурда дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда,  парчами Тоҷикистонро баланд бардоштаанд.