Дастгоҳи Раиси шаҳр

МАЪЛУМОТНОМА

САДИРОВ Баҳром Нуруллоевич

аз 22 майи соли 2015 дар мансаби роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб кор мекунад.

Соли таваллуд – 17 сентябри соли 1967.

Ҷои таваллуд – шаҳри Кӯлоб.

Миллат – тоҷик.

Таҳсилот – олӣ.

соли 1991 Институти политехники шаҳри Фрунзеи Ҷумҳурии Қирғизистонро (рӯзона) хатм кардааст. 

Ихтисос – муҳандиси техникии саноати хурокворӣ.

Унвони илмӣ – надорад.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ, англисӣ, форсӣ.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не – не.

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не.

Вазъи оилавӣ – оиладор.

Суроға – шаҳри Кӯлоб, хиёбони И.Сомонӣ хонаи 108, утоқи 11.

Кор ва фаъолияти собиқа:

Солҳои 1984-1991- Донишҷӯи Институти политехники шаҳри Фрунзеи Ҷумҳурии Қирғизистон
Солҳои  1986-1988- Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
Солҳои  1991-1995- Сардори шуъбаи гармидиҳии заводи нонпазии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1995-1997- Сармуҳандиси Комбинати шири шаҳри Кӯлоб
Солҳои 1997-1998- Инспектори техникии Кумитаи марказии иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои  1998-1999- Роҳбари  «Дамон-н»-и шаҳри Душанбе
Солҳои 1999-2004- Сармуҳандиси Комбинати шири шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2004-2009- Директори Комбинати шири шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2009-2010- Сардори сехи қаноди ҶСП «Даврон-К»-и шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2010-2011- Соҳибкори инфиродии сехи шири ва қанодии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2011-2012- Директори ҶДММ «Шавқ-К»-и заводи нонпазии шаҳри Кӯлоб
Солҳои 2012-2015- Мудири бахши саноат, энергетика ва нақлёту коммуникатсияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб
Аз майи соли 2015

то ҳоло –

Роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб

 

МАЪЛУМОТНОМА

РАҲМОНОВ Алимад Раҳмонович

аз 25 октябри соли 2016 дар мансаби мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб кор мекунад.

Соли таваллуд  – 5 апрели соли 1976    

Ҷои таваллуд  – ноҳияи Ш.Шоҳин.

Миллат – тоҷик.

Таҳсилот – олӣ.

соли 1998 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро (рӯзона), соли 2011 Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст.

Ихтисос – баҳисобгирии бухгалтерӣ ва таҳлили фаъолияти хоҷагидорӣ, идоракунии давлатӣ.

Унвони илмӣ  – надорад.

Кадом забонҳои хориҷиро медонад – русӣ.

Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не – не.

Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не – не.

Вазъи оилавӣ – оиладор.

Суроға – ноҳияи Муъминобод, деҳаи Туто.

 

Кор ва фаъолияти собиқа:  

Солҳои 1993-1998- Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Солҳои 1999-2000- Роҳбари хадамоти муҳоҷирати ноҳияи Шӯрообод
Солҳои 2000-2003- Мутахассиси дараҷаи 1-и шуъбаи иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисоди берунии ҳукумати ноҳияи Шӯрообод
Солҳои 2003-2005- Мудири шуъбаи иқтисодиёт ва робитаҳои иқтисоди берунии ҳукумати ноҳияи Шӯрообод
Солҳои 2005-2006- Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шӯрообод
Солҳои 2006-2010- Мудири бахши ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шӯрообод
Солҳои 2010-2011 Магистранти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Солҳои 2011-2016- Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин
Аз октябри соли  2016 то ҳоло- Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб