25 апрели  1936  Боғи фарҳангию истироҳатии ба номи Ленин дар шаҳри Кӯлоб таъсис дода шуд. Аз соли 2014 боғи фарҳангӣ ҳамчун  Муассисаи Боғи фарҳангию фароғатии шаҳри  Кӯлоб номнавис гардид. Он яке аз муассисаҳои фарҳангии шаҳри Кӯлоб ба шумор рафта, масоҳаташ 4,6 га мебошад. Муассиса тавозуни алоҳида дошта,  зертобеъи бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб мебошад.

  Шумораи  кормандон 37 нафаранд.

  Дар даврони Истиқлолият симои боғи фарҳангию фароғатӣ  ба куллӣ дигар гашта, базаи техники он  ғанӣ  гардид.

   Соли 2015  дар доираи азнавсозӣ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурӣ 5 атраксиони механикӣ ба маблағи 1 979 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои буҷавӣ  ворид карда шуд ва шумораи атраксионҳои худии муассиса ба 12 адад расид. Илова бар ин   давоми солҳои 2016-2018   роҳбарияти муассиса дар самти ҷалби соҳибкорон дар корҳои ободонӣ ва созандагӣ корҳои наззаррасро ба анҷом расонид.

   Айни ҳол дар ҳудуди муассиса 11 адад атраксионҳои механикӣ ва  2 адад «Лимпопо» фаъолият доранд, ки онҳо аз тарафи соҳибкорони ватанӣ ворид карда шудаанд. Аз ҷумла  5 адади он: қаиқҳои  дорои 8 ва 24 ҷойи нишаст, буда, глобус ва чархофалаки хитойӣ  солҳои 2017-2018 аз тарафи соҳибкори ватанӣ Насимов Бобохон ворид карда шудаанд.

   Дар ҳудуди боғ 3  майдонча ва 2 толори варзишӣ,чопхонаю суратгирхона, сартарошхона ва нуқтаҳои хуроки умумии замонавӣ ҷойгир мебошанд. Дар боғ инчунин маҳфили шоҳмотбозону шашкабозон  амал мекунад. Лавҳаҳои шоирони хатлонзамин, 4 фаввора, пайкараҳои товусу лаклак, бузи морхӯр, шоҳмоти рамзӣ,  шиору овезаҳо, чароғҳои рангоранг ба ҳусни боғ ҳусни нав зам кардаанд.