Суханронӣ ба муносибати ифтитоҳи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 дар деҳоти ба номи Турсун Ӯлҷабоеви ноҳияи Спитамен

Устодони муҳтарам,

падару модарон ва фарзандони азиз!

Пеш аз ҳама, шумо – ширкаткунандагони ҷамъомади имрӯза, кормандони соҳаи маориф ва кулли сокинони ноҳияи Спитаменро ба ифтихори ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки муътабартарин ойини ниёгони мо ва беҳтарин маҳсули тафаккури  бузургони тамаддунсозамон мебошад, самимона табрик мегӯям.

Ҷашни Наврӯз бо вуҷуди ойини куҳанбунёд буданаш, суннати ҳамешаҷавон аст ва дар сиёсати фарҳангии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон рукни муҳимми худшиносии миллӣ, василаи  таҳкими пайванди  наслҳо,  иртиботи гузашта бо имрӯз, эҳёи анъанаҳои зебоипарастӣ, инсондӯстӣ, рамзи дӯст доштан ва расидан ба қадри зиндагии шоиста мебошад.

Ба ҳукми анъана даромадааст, ки мардуми мо ҳамасола ба истиқболи ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ хонаву кошона ва маҳалли зисти худро тозаву озода карда, бо нияти нек ба замин донаи умед мепошанд, ниҳол мешинонанд, боғ бунёд мекунанд ва барои боз ҳам ободу зебо ва сабзу хуррам гардонидани Ватани азизамон саъю талош меварзанд.

Рӯзи чорум аст, ки мо бо сафари корӣ дар вилояти Суғд қарор дорем ва дар маросими ифтитоҳи як қатор иншооту биноҳои навбунёди иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ, аз ҷумла дар ноҳияи Спитамен  иштирок карда истодаем.

Табиати зебоманзар ва ҳамешабаҳору ҳамешасабзи ноҳия ва боғҳои серҳосилу зебои он ба бинанда ҳаловати хосса мебахшанд.

Мардуми шарафманди ноҳияи Спитамен тавонистанд, ки дар даврони истиқлоли давлатӣ дастовардҳояшонро дар ҳамаи соҳаҳо афзун гардонида, бо бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ, муассисаҳои иҷтимоӣ ва таъмиру таҷдиди роҳҳо дар ободии диёрашон саҳми шоиста гузоранд.

Бинобар ин, ҳар вақте ки ба ноҳия сафар мекунам, эҳсос менамоям, ки сокинони он аз сиёсати давлат ва Ҳукумати кишвар ҷиҳати расидан ба зиндагии арзанда қаноатманд мебошанд ва ҳамзамон бо ин, шукр мекунанд, ки дар Ватани маҳбубамон барои кору пайкори созанда фазои орому осоишта таъмин гардидааст.

Дар ноҳия барои истиқболи арзандаи сисолагии истиқлоли давлатӣ бунёд ва таъмиру таҷдиди 410 иншооти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 240 иншоот ба истифода супорида шудааст, ки қариб 60 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Шубҳае нест, ки иншооту биноҳои боқимонда тибқи нақша мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, то ҷашни бузурги миллиамон симои ноҳия ва деҳоти он хеле ободу зебо ва шароити зиндагии мардум боз ҳам беҳтар мегардад.

Дар натиҷаи таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат барои тараққиёти ноҳияи Спитамен, аз ҷумла бо ҷалби сармояи ватаниву хориҷӣ корҳои ободонӣ вусъат пайдо карда, хусусан, солҳои охир дар самти рушди соҳаҳои кишоварзӣ, маорифу тандурустӣ ва таъминоти аҳолӣ бо оби босифати нӯшокӣ як қатор иқдомоти зарурӣ амалӣ карда шудаанд.

Мо, алалхусус, барои ҳалли мушкилоти соҳаи маориф, аз ҷумла  бунёду азнавсозии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва кӯдакистонҳо пайваста тадбирҳои мушаххас андешида истодаем, ки солҳои охир натиҷаҳои мусбати он ба хубӣ мушоҳида мегарданд.

Бинои муассисаи таълимие, ки ҳоло дар деҳаи Нови деҳоти Турсун Ӯлҷабоев  ифтитоҳ кардем, аз 3 ошёна ва 16 синфхона  иборат буда, барои ба таҳсил фаро гирифтани 1280 нафар хонанда бунёд шудааст.

Дар муассиса барои устодону шогирдон хуҷраҳои маъмурӣ, толору майдони варзиш, ошхона ва маҷлисгоҳ бо беҳтарин шароити замонавӣ муҳайё карда шудаанд.

Мактаб макони муқаддасе мебошад, ки фарзандони мо дар муҳити он соҳиби  саводу  маърифат ва илму дониш мегарданд, мероси гаронбаҳои  таъриху  фарҳанги халқамонро аз худ мекунанд, сабақи ватандӯстиву ойини ватандорӣ мегиранд ва ба туфайли он дар ҷомеа мақоми арзанда пайдо менамоянд.

Бо дарназардошти ин, дар паёмҳои худ ба Маҷлиси Олии мамлакат ҳамеша таъкид месозам, ки аҳли ҷомеа бояд ҳарчи бештар ба соҳаи маориф рӯ оранд ва дар ин самт амалҳои  хайру савобро вусъат бахшанд.

Соли  2019  дар вилояти Суғд 37 иншооти нави соҳаи маориф бо 10 ҳазор ҷойи нишаст, инчунин, 100 синфхонаи иловагӣ барои зиёда аз 7 000 нафар хонанда бунёд карда шудааст.

Дар шароити пешрафти босуръати илму техника ва технологияҳо баланд бардоштани сатҳу сифати дониши хонандагон ва ҷорӣ кардани усулҳои муосири таълиму тарбия аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини рӯз ба ҳисоб мераванд.

Боиси қаноатмандист, ки солҳои охир дар вилояти Суғд ба ин масъала таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Маҳз дар натиҷаи заҳмати аҳли маориф, муносибати ҷиддиву эҷодкоронаи онҳо ва робитаи хуб бо падару модарон хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии вилоят дар олимпиадаву озмунҳои  гуногуни  дохиливу  байналмилалӣ фаъолона ширкат карда, соҳиби мақом ва ҷоизаҳои ифтихорӣ гардида истодаанд.

Ман ба аҳли маорифи вилоят, ки дар амалӣ шудани сиёсати Сарвари давлат дар соҳаи илму маориф ва баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбияи фарзандон саҳми арзишманд мегузоранд, миннатдории самимӣ изҳор менамоям.

Дар баробари ин, бори дигар таъкид месозам, ки роҳбарону кормандони соҳаи маориф бояд дар баробари дастгириҳои давлат ва афроди ватандӯст сатҳу сифати таълимро дар ҳар як муассисаи таълимӣ, сарфи назар аз шакли моликияти онҳо,  боз ҳам баланд бардоранд.

Эълон гардидани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” яке аз омилҳои муҳимми пешрафти соҳаи маориф мебошад.

Ман ин масъаларо чанд рӯз пештар дар суханронии худ дар мулоқот бо аҳли илм ва зиёиёни эҷодкор гаштаву баргашта таъкид кардам.

Аз ин рӯ, аҳли маорифи вилоят ва ноҳияи Спитамен бояд фаъолияти худро дар ин самт боз ҳам ҷоннок намоянд ва вазифаҳои дар назди онҳо гузоштаи роҳбарияти давлату Ҳукумати мамлакатро бо масъулияти баланд барои ояндаи осудаву ободи халқи тоҷик иҷро кунанд.

Асри ХХI асри иттилоот ва технологияҳои навин мебошад ва қобили зикр аст, ки бо ифтитоҳи муассисаи таълимии имрӯза, яъне мактаби таълимоти инноватсионӣ дар вилояти Суғд барои омӯзиши технологияҳои муосир тамоми шароиту имконият фароҳам оварда шудааст.

Бовар дорам, ки хонандагони ин таълимгоҳи муосир таҳти роҳбарии устодони соҳибтаҷриба илму донишҳои замонавиро аз худ карда, дар оянда шарафи Тоҷикистони азизро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардоранд.

Ҳамаи шумо, устодону шогирдони таълимгоҳи навбунёдро бори дигар ба ифтихори ҷашни Наврӯз ва ба муносибати мавриди истифода  қарор гирифтани  бинои нави таълимӣ табрик гуфта, ба ҳар яки шумо саломативу сарбаландӣ, дар фаъолияти омӯзгориатон барору комёбӣ  ва ба шогирдони ин макони нави илму дониш таҳсили хубу аъло орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code