Тантанаи ҷашни Наврӯз ва “Рӯзи фарҳанг” дар толори Китобхонаи вилоятӣ ба номи Садриддин Айнӣ

Наврӯз рамзи баҳор-оғози баракати  сол аст. Тавассути дастгириҳои давлат ва ҳукумат таи чанд соли охир ин ҷашни таърихӣ бо як шукӯҳу шаҳомати хосса дар мамлакатамон ҷашн гирифта мешавад. Наврӯз-воқеан  ҳам ҷашни ҷаҳонист. Бахшида ба ин ҷашни ниёгон  ва  20-март  эълон гардидани «Рӯзи фарҳанг» бо ташаббуси кормандони Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шахри Кӯлоб” дар якҷоягӣ  бо бахши Раёсати фарҳанги МИХД-и вилояти Хатлон дар минтакаи Кӯлоб  рӯзи  касбии хешро дар толори барҳавои Китобхона дар сатҳи баланди фарҳангӣ тачлил намуданд.  

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ директори Муассиса Обидзода Саймуҳаммад Рустам кушода  сухани табрикотиро ба сармутахассиси  бахши Раёсати фарханги МИХД-и вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб  Бозорзода Сарахон дод.  Зимни  табрикоти самимиаш Бозорзода Сарахон як гурӯҳ кормандони соҳибтаҷрибаи соҳаи фарҳангро барои кори фаъолонаашон дар таргибу ташакулли фарҳанги миллӣ, тарбияи меҳанпарастии ҷавонон, ободу зебо гардонидани муассисаҳои фарҳангӣ, ороста гардонидани гулгашту майдончаҳои назди муассисаҳо  бахшида ба “Рӯзи фарҳанг”  бо “Ифтихорнома”-ҳо ва тӯҳфаҳои хотиравии  бахши Раёсати фарҳанги МИХД-и вилояти Хатлон  дар минтақаи Кӯлоб ва  Муассисаи давлатии “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон  ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”  сарфароз гардониданд.  Сипас баъди суханрониҳои идона таваҷҷӯҳи ҳозирин ба қисмати бадеии чорабинии мазкур нигаронида шуд. Ин қисмат аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ ба мисли  чакандӯзиҳо, хӯрокҳои миллӣ, асбобҳои мусиқӣ, инчунин намоиши калони китобӣ бо номи  «Наврӯз-чашни офариниш ва каромати инсонӣ» ороста гардида, базми бошукӯҳи Наврӯзӣ таҳти унвони «Наврӯз ба ту арзи таманно дорем» баргузор гардид.

Дар ин ҷашн  оинҳои Наврӯзӣ аз ҷумла:  “Ҳафтшину  Ҳафтсин”  ба меҳмонон пешкаш гардид.

Дар фарчоми чорабинӣ мутрибон бо савту сурудҳои Наврӯзӣ базмро ҳусни анҷом бахшиданд.

                  Абдулҳакимзода  Саодат –  корманди  Муассисаи давлатии

                                            «Китобхонаи оммавии вилояти   

                                                              Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ

                                                                          дар шаҳри Кӯлоб».

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code