Паёми шодбошии Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Баҳром Иноятзода бахшида ба ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Ҳамдиёрони азиз!
Меҳмонон ва ҳозирини гиромӣ!

Бо эҳтиром ва самимияти том қадами файзбори баҳори нав, фарорасии иди бостонии Наврӯзро ба ҳар яки Шумо муборакбод намуда, бароятон саодати зиндагӣ ва рӯзгори пурнишотро орзу менамоям.

Ҷашни Наврӯз бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи худ бузургтарин ҷашни миллии тоҷикон ва соли нави аҷдодии мо буда, ниёгони мо онро аз замонҳои хеле қадим таҷлил мекарданд, омадани баҳор ва эҳёи табиатро бо шодиву хурсандӣ ва бо иштироки хурду бузурги диёр истиқбол мегирифтанд.

Мардуми тоҷик Наврӯзро дар давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун яке аз ойинҳои беҳтарини миллӣ аз насл ба насл ба мерос гузошта, то замони мо расонидаанд.

Ин ҷашни бузург бо шарофати сиёсати фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми байналмилалӣ касб кард ва имрӯз дар саросари олам таҷлил карда мешавад.

Ин барои мардуми куҳанбунёди тоҷик ифтихори бузург ва боиси сарбаландиву сарфарозии ҳар як сокини кишварамон мебошад.

Ҷавҳари таърихиву фарҳангии ин ҷашн саодату пирӯзии аҳли башар буда, инсонҳоро ба ҳамдигарфаҳмиву ҳамзистии осоишта, накӯкориву созандагӣ, дӯст доштану эҳтиёт кардани табиат ва неъматҳои он ҳидоят менамояд.

Дар айёми наврӯзӣ гирди ҳам омадан, ба дидори якдигар расидан ва бо ширкати хурду бузург, сарфи назар аз синну сол ва миллату мазҳаб, баргузор намудани ойинҳои наврӯзӣ асли милливу мардумии онро ташкил медиҳад.

Воқеан, таърихи Наврӯз ҳеҷ робитае бо ҷаҳонбинии диниву мазҳабӣ ва сиёсиву нажодӣ надорад ва башардӯстиву бузургдошти инсон ва табиат асли он ба шумор меравад.

Қобили таъкид аст, ки умри Наврӯз ҳатто аз яке аз қадимтарин ойинҳои динӣ – зардуштия қариб ду баробар зиёд мебошад.

Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, айёми тавозуни зиндагӣ, оғози корҳои кишоварзӣ ва ҳама гуна ташаббусҳои созанда мебошад.

Чун мардум табиатан аз сармои тӯлонии зимистон ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва бедории табиатро ба унвони эҳёи зиндагӣ дар қолаби Наврӯз бо хурсандии зиёд ҷашн мегиранд.

Имсол мо тасмим гирифтем, ки тантанаҳои Наврӯзро бо иштироки меҳмонон ва Шумо – мурдуми сарбаланди бостоншаҳри Кӯлоб дар Қалъаи Кӯлоб  доир намоем.

Мардуми шарифи шаҳрамон аз қадимулайём бо меҳрубониву иродатмандӣ, далериву шуҷоат, заҳматдӯстиву ободгарӣ ва хештаншиносиву ҳувиятхоҳӣ машҳур  гардидаанд.

Аз қадимтарин сарчашмаҳо маълум аст, ки сокинони Кӯлоби бостонӣ дар ҳифзи ойину ҷашнҳои аҷдодӣ нақши басо арзишманд гузошта, имрӯз низ дар ин масир устуворона қадам мегузоранд, ки тантанаҳои Наврӯзи байналмилалӣ дар Қалъаи Кӯлоб гувоҳи ин гуфтаҳо мебошанд.

Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон гардид.

Яке аз ҳадафҳои эълони солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ аз он иборат аст, ки бо истифода аз ҳамаи василаву имкониятҳо деҳоти кишварро обод намуда, инфрасохтори иҷтимоиву сайёҳиро тараққӣ диҳем ва бо ҳамин роҳ барои ҳамватанонамон ҷойҳои нави корӣ муҳайё намоем.

Дар ин замина дар асоси нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ҷиҳати савовор пешвоз гирифтани 30 солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз зиёда аз 800 банд иборат мебошад, корҳои сохтмониву барқарорсозӣ бо маром идома ёфта истодааст.

Бовар дорам, ки дар муддати  солҳои дарпешистода деҳоти мо симои худро ба куллӣ тағйир дода, тавассути саъйю кӯшиши соҳибкорони маҳаллӣ ва мардуми бонангу номуси Кӯлоби бостонӣ боз ҳам зеботар мегарданд, дорои инфрасохтори муосир мешаванд ва бо ин роҳ мушкилоти зиёди мардум бартараф карда мешаванд.

Ҳозирини гиромӣ!         

Мардуми Кӯлоб аз қадим ҳунарманд буда, бо ҳунару касбҳои бобоии худ ифтихор менамоянд. Ҳоло дар ҳудуди шаҳру деҳоти Кӯлоб зиёд аз 150 намуди ҳунар мавҷуд мебошад.

 Умедворем, ки ҳунарҳои мардумӣ дар шаҳр боз ҳам рушд карда, маҳсули меҳнати ҳунармандони мо ба ҷаҳониён бештар муаррифӣ мегардад.

Яке аз таомулу ойинҳои Наврӯз низ ҳанӯз аз оғози пайдоиши он ободкориву созандагӣ мебошад.

Гузаштагони мо дар рӯзҳои наврӯзӣ бо нияти нек таҳкурсии ободиҳои гуногунро мегузоштанд, майдонҳои киштро васеъ мекарданд ва барои осудагиву фаровонии ҳар як хонадон замина муҳайё месохтанд.

Мо низ бояд ин анъанаи шоистаи наврӯзиро идома бахшида, барои ободиву сарсабзии шаҳрамон талош намоем ва аз худ барои ояндагон як мулки обод ва шаҳри пешрафтаву тараққикардаро ба мерос гузорем.

Бори дигар фарорасии ҷашни мубораку бузурги Наврӯзро ба тамоми мардуми шарифи шаҳрамон самимона табрик гуфта, орзумандам, ки бахту саодат ва хайру баракат дар ҳар хонадони кишварамон,  сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва  ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ҷовидонӣ бошад.

Наврӯзатон фирӯз бод,
Ҳар рӯзатон Наврӯз бод!

 

Ид муборак ҳамдиёрони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code