АМАЛҲОИ ХАЙРИЯВӢ АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁНИ ШАҲРИ КӮЛОБ

КӮЛОБ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади сазовор пешвоз гирифтани Наврӯзи байналмилалӣ  ҷиҳати  дастгирии шахсони ниёзманд ва аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат аз ҷониби аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ иқдомҳои хайриявӣ роҳандозӣ шуда истодааст.

Дар ҳамин замина аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Фурӯдгоҳ”   зимни иқдоми хайриявӣ дар арафаи ҷашни Наврӯз ба се нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, Мирзо Бегматов, раиси Шӯрои собиқадорони  меҳнат дар минтақаи Кӯлоб, Холматов Дилдор ва Шарипов Ғулом  бо маблағҳои пулӣ дастгирӣ ёфтанд. Чунин иқдомҳои хайрхоҳона минбаъд низ аз тарафи  аъзову ҷонибдорони фаъоли ҳизб ва шахсони саховатпеша, ки аз сиёсати ғамхоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон   сарчашма мегирад, идома доранд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code