Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб (даъвати шашум)

Санаи 16 марти соли 2020 дар толори қароргоҳи Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб бо иштироки Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Б., муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Исмоилзода А. доир гардид.

Дар кори маҷлис инчунин муовини якуми Раиси шаҳри Кӯлоб, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, 40 нафар вакилони интихобгардидаи Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, мудирони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлдатии шаҳр, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон ва намояндагони ВАО ширкат доштанд.

Иҷлосияро Раиси шаҳр оғоз намуда, тартиби баргузории маҷлисро ба иштирокдорон шинос намуд.

Дар кори иҷлосия нахсуст сухан ба раиси комиссияи интихоботи шаҳрӣ Абдуллоев Файзулло ҷиҳати ахбороти комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ва тасдиқ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб (даъвати шашум) дода шуд.

Ба ҳамин тартиб оид ба 7 масъалаи дар рӯзнома ҷойдошта суханрониҳо аз ҷониби шахсони масъул шунида шуда, дар ин раванд ҳамчунин савганди 5 нафар вакилон ба самъи иштирокдорон расонида шуд.

Дар раванди кори иҷлосия аз вакилон оиди пешбарии номзади худ ба аъзои Маҷилиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклитф карда шуд.

Дар натиҷа номзадии Одилзода Дилбар Раҳим директори муассисаи давлатии “Мактаби президентӣ” барои хонандагони болаёқати шаҳри Кӯлоб ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ карда шуд.

Ҳамчунин баъди овоздиҳии пинҳонии ҳайати вакилон номзадии Одилзода Дилбар Раҳим дастгирӣ ёфта, комиссияи баҳисобгирии овозҳои пинҳонӣ оид ба пешбарии номзад ба аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф намуд, ки номзадии ӯ пешбарӣ карда шавад.

Инчунин муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Исмоилзода А. баромад намуда, вакилони тозаинтихобро ба ин вазифаи пурмасъул муборакбод гуфт. Ҳамчунин аз раванди баргузории иҷлосия изҳори қаноатмандӣ намуда, иштирокдоронро ба муносибати Иди Наврӯзи байналмилалӣ табрику муборакбод гуфт.

Ба ҳамин кори  иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро хотима бахшиданд.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code