МУРОҶИАТНОМАИ ВАЗОРАТИ ТАНДУРУСТӢ ВА ҲИФЗИ ИҶТИМОИИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА ШАҲРВАНДОНИ МАМЛАКАТ

Дар робита ба хабару овозаҳое, ки имрӯзҳо дар сомонаҳои интернетӣ  ва шабакаҳои иҷтимоӣ оид ба сирояти коронавирус, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, нашр мешаванд, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ба самъи шаҳрвандони мамлакат  мерасонад, ки хушбахтона, то имрӯз дар  кишвар сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо чораҳои пешгирии он  рӯз то рӯз пурзӯр карда мешаванд.

Бинобар ин,  чораҳои пешгирикунанда оид ба сирояти мазкур на бояд шаҳрвандони мамлакатро ба таҳлука андозанд. Бояд таъкид намуд, ки  танҳо ва танҳо чораҳои роҳандозикардашуда, аз ҷумла худдорӣ намудан аз иштирок дар олимпиадаҳои байналмилалӣ, сафар ба кишварҳое, ки дар онҳо вируси мазкур ба қайд гирифта шудааст, муваққатан худдорӣ намудан аз намозгузории дастаҷамъона дар масҷидҳо, аз ҷумла масҷидҳои ҷомеъ, панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо ба истиснои намози ҷаноза ва манъи муваққатии чорабинҳои оммавӣ ба хотири пешгирии сирояти коронавирус дар Тоҷикистон амалӣ карда мешаванд.

Ҳамзамон, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ВАО-и мамлакат даъват ба амал меорад, ки  оид ба ин масъалаи ҳассос танҳо маълумоти расмӣ ва санҷидашударо нашр намуда, ба шаҳрвандони мамлакат маълумоти дурустро бирасонанд.

Чунин ба назар мерасад, ки як гурӯҳ одамон бо истифода аз шабакаи интернет аз нашри ҳар гуна хабарҳои дурӯғ ва беасос вобаста ба он, ки гӯё дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта шудааст, манфиатдор буда, бо ин роҳ мехоҳанд мардумро ба тарсу ҳарос андозанд.

Бо мақсади пешгирӣ аз ин беморӣ  тавсия дода мешавад, ки ҳар як нафар гигиенаи шахсиро риоя намуда, дастонро бояд тез-тез бо собун ва ё маҳлулҳои безараргардонанда шӯянд.  Барои иммунитети худро мустаҳкам намудан, бештар меваҷоту сабзавот истеъмол намоянд. Инчунин, дар ҷойҳои серодам камтар гаштугузор намуда,  ё ҳангоми будан дар чунин ҷойҳо аз ниқоб истифода намоянд. Ҳамзамон, як муддат  аз дастӣ салом кардан ва ҳамдигарро ба оғӯш гирифта бӯсобусӣ намудан, худдорӣ намоянд.

Бояд гуфт, ки айни замон шаҳрвандоне, ки аз 5 кишвар: Ҷумҳурии Мардумии Чин, Кореяи Ҷанубӣ, Италия, Афғонистон ва Эрон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегарданд, ба карантин фаро гирифта хоҳанд шуд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code