Роҳбари навтаъини Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №75 аз 4 феврали соли 2020 роҳбарияти Маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодии шаҳри «Кӯлоб» кадри ҷавону соҳибтаҷриба Абдуллозода Мустафо Рустам таъин гардид.

Абдуллозода Мустафо Рустам дар шаҳри Кӯлоб таваллуд шуда, оиладор соҳиби се фарзанд мебошад.

Номбурда Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (рӯзона) соли 2007 бо ихтисоси иқтисодчӣ хатм  карда, дар фазифаҳои гуногуни давлатӣ кор кардааст. Аз ҷумла:

Солҳои 2007- 2009- Мутахассиси шуъбаи рушди минтақаҳои Раёсати мониторинги иҷрои барномаҳои миллӣ ва минтақавии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2009-2012- Лоиҳаи Барномаи рушди Созмони Милали Мутаҳид дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2012 (01-09)- Сармутахассиси шуъбаи рушди минтақаҳои Сарраёсати пешгӯии сиёсати сармоягузорӣ ва танзими рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2012-2015 – Сармутахассиси Раёсати рушди минтақаҳо ва мониторинги иҷрои барномаҳои миллии Сарраёсати сиёсати сармоягузорӣ ва рушди минтақаҳои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015 – 2016  – Сардори Раёсати рушди соҳаҳои саноат ва инфрасохтори Сарраёсати рушди соҳаҳои воқеии иқтисодиёти Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2016  – 2020   Аз 4 феврали соли 2020 Референти Котиботи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари Маъмурияти минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code