Идомаи намоишҳои театрӣ дар шаҳри Кӯлоб

Намоишҳои театрӣ тибқи иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, бо ҷалби васеи аҳолӣ мунтазам идома ёфта истодааст.

Дар доира  ташаббуси Кӯлоб санаи 05 феврали соли равон намошномаи дигаре бо номи «Шоҳин» аз рӯи асари драматург Сафармуҳаммад Аюбӣ дар таҳияи саркоргардони театри ба номи Сайдалӣ Вализодаи шаҳри Кӯлоб Одиназода Раҳмоналӣ ба намоиш гузошта шуд.

Дар толор тамошобинон аз ҳисоби омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ, фаъолони шаҳр ва инчунин муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кенҷамо Авғоновна иштирок доштанд.

Намоишнома ҷанбаҳои ахлоқиву тарбиявиро дар бар гирифта, тамошобинонро ба инсондӯстиву хештаншиносӣ ва худогоҳӣ даъват менамояд.

Театри ба номи Сайдалӣ Вализода шаҳри Кӯлоб тасмим дорад намоишномаи мазкурро мунтазам пешкаши хоҳишмандон гардонад.

Дар охири намоиш иштирокдорон барои тасвири чунин як намоиши ҳаётан муҳим ба аҳли ҳунар баҳои баланд доданд.

                                                                                              Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code