Баргузории нишасти матбуотии Раиси шаҳри Кӯлоб

Бо мақсади иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 сентябри соли 2011, №АП 1729 ва нақшаи тасдиқгардидаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон дар толори қароргоҳи Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Баҳром Иноятзода санаи 05 феврали соли 2020 соати 9 00 нишасти матбуотии васеъи рӯзноманигорони васоити ахбори оммаи давлативу ҷамъиятӣ, доир карда шуд.

Дар ин нишаст муовини якум, муовинони раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раис, мудирони шуъбаву бахшҳо, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо низ иштирок доштанд.

Дар оғоз мудири бахши бойгонӣ матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб-Шокирҷони Карим тартиби баргузории нишасти матбуотиро ба иштирокдорон шинос намуда, барои пешбурди кори нишаст суханро ба иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода доданд.

Раиси шаҳри Кӯлоб оид ба ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоӣ- иқтисодии шаҳру деҳоти Кӯлоб дар соли 2019 ба таври умумӣ гуфта гузашта,  қайд намуд, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини пешрафти ҳаёти иҷтимоию иқтисодии шаҳр, амалигардонии консепсияҳо, стратегия ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, инчунин тақвият бахшидан ба корҳои созандагию ободонӣ бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми чораҳои заруриро амалӣ намуда истодааст.

Дар қисамти саволу ҷавоб аз ҷониби рӯзноманигорон саволҳо пешниҳод гардида, ҷавобҳои мушаххас аз ҷониби Раиси шаҳр ва масъулини соҳа ба рӯзноманигорон гардонида шуд.

Рӯзноманигорон аз ҷавоби саволҳои пешниҳоднамудаи худ қаноатманд шуда, дар охир пешниҳод намуданд, ки вохӯрии алоҳидаи рӯзноманигорон бо Раиси шаҳр доир карда шавад.

Масъалаи мазкур аз ҷониби Раиси шаҳр пазируфта шуда, ҷавобан изҳор намуд, ки дар рӯзи мусоид барои тарафҳо вохӯрии мазкурро доир хоҳем намуд.

                                                                           Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code