Вохӯрии гуруҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб оиди Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Санаи 30 январи соли 2020 тибқи нақшаи тасдиқнамудаи муовини раиси шаҳри Кӯлоб гуруҳи корӣ дар ҳайати мудири шуъбаи занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб-Хушвахтова Бибинур, мудири бахши бойгонӣ-матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб-Шокирҷони Карим,  шоир-Ҳақназар  Ғоиб дар толори Ҷамоати деҳоти Зиракӣ оид ба муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олӣ ироа намуданд, бо фаъолони ҷамоат, омӯзгорон, раисони маҳаллаҳо, имомхатибон вохӯрӣ доир намуданд.

Дар вохӯрӣ оид ба муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни сокинон суҳбат гузаронида шуд.

Зимни суҳбат шоир-Ҳақназар Ғоиб иштирокдоронро ба ватандӯситу хештаншиносӣ, даъват намуда, муваффақиятҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва махсусан шаҳри Кӯлобро дар даврони Истиқлолият бо далелҳои возеҳу равшан ба самъи иштирокдорон расонид.

Дигар баромадкунандагон низ ҷабҳаҳои муҳими Паёми навбатиро гуфта гузаштанд.

Иштирокдорон дар музокираронӣ эълон гардидани «Бистсолаи омӯзиш ва рушди  фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маъориф»-ро ба маврид ва саривақтӣ дониста, иброз намуданд, ки мо баҳри солимии ҷомеа худро масъул меҳисобем.

Чунин вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти Зарбдор, Даҳана, Кӯлоб, ва як қатор муассисаҳои таълимӣ баргузор карда шуда, вохӯриҳо идома ёфта истодаанд.

                                                                                                                        Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code