ВАРЗИШГАРИ ТОҶИК ДАР ШАҲРИ МОСКВА ҒОЛИБИ МУСОБИҚАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ШУД

Варзишгари касбии тоҷик муқими Федератсияи Россия – Беҳрӯз Қурбонов дар сабқати муштзании намуди ММА  (муҳорибаи омехта) дар шаҳри Масква ба паҳлавони Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Сапаров дар мусобиқи байналмилалӣ ғолиб омада, ҷойи аввал ва соҳиби Ҷоиза ва камарбанди мусобиқа гардид.

Беҳрӯз Қурбонов дар ин сабқат дар вазни 84 кг қувваозмоӣ намуда,  бар ҳамаи ҳарифонаш ғолиб омада, бо гирифтани ҷойи аввал ҳуқуқи иштирок дар дигар сабқатҳои саросарии Россияро ба даст овард.

Қурбонов Беҳрӯз Шерафганович 21-уми сентябри соли 1986 дар деҳаи Офтоблиқои ноҳияи Кӯлоб ба дунё омадааст. Ӯ аз синни хурдсолӣ ба варзиш бисёр шавқу ҳаваси беандоза дошт. Падараш Шерафган Қурбонов, ки худ муаллими варзиш буд, лаёқати Беҳрӯзро эҳсос карда, ӯро пайваста ба тамрини гӯштин ҳидоят мекард. Беҳрӯз баъди хатми мактаби деҳа ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафта, дар Федератсияи Россия низ дар вақтҳои берун аз кор дар толори «ШАНС», ки роҳбараш бародарон Василий ва Виктор Сергеевич буданд, 4-сол ба варзиши намуди бокс машғул мешавад.

Аз номи тими ҳамин толори варзишӣ дар чандин мусобиқаҳо иштирок карда, соҳиби медалу ифтихорномаҳо гардидааст. Дар яке аз мусобиқаҳо, ки ба хотири ёддошти муштзани беҳтарини рус Капитанов барпо шуда буд, иштирок карда, дар вазни 77 кило соҳиби ҷои аввал шуд ва ба медали мусобиқа сарфароз гардид. Баъди аз ин ба варзиши ММА (муҳорибаи омехта) машғул мешавад.

Баъд аз ин ба толори варзишии Александ Котов даъват шуда, дар ин толори варзишӣ муддати як солу шаш моҳ машқ мекунад. Баъд аз ин дар толори варзишии Акбар, (Акбарҷон Қурбонов – шаҳрванди Тоҷикистон аст), ки дар шаҳри Москва воқеъ аст, тамринро давом дода, то ҳол дар ҳамин толори варзишӣ тамрин менамояд.

Тренерони варзишии ӯ Пиров Зоир, Ҳакимов Шуҳрат, Солеҳ Ҳасанов (Солеҳ Ҳасанов – шаҳрванди Тоҷикистон буда, 2 карат Чемпиони ҷаҳон дар намуди ММА (муштазнии муҳорибаи омехт) мебошанд, ки аз соли 2015 инҷониб ӯро дар мусобиқаҳо дастгирӣ мекунанд. Дар мусобиқаи байналмилалӣ, ки дар шаҳри  Падолск 13-июли соли 2019 баргузор гардида буд, ӯ дар вазни 84 кило ҷойи якумро ба даст оварда, соҳиби ҷоизаи мусобиқа гардид.

Дар охири моҳи декабри соли 2019 мусобиқаи муҳорибавии «Кализей 7» байни ташкилотҳои варзишии байналмилалӣ, ки дар шаҳри Масква баргузор гардид, Беҳрӯз Қурбонов дар вазни 84 кило дар ММА (намуди муҳорибаи омехта) сабқат карда, ҷойи аввал ва соҳиби камарбанди мусобиқа гардида, унвони Чемпиониро соҳиб шуд.

Чи тавре ки дар боло ишора шуд, ҳарифи вай аз Ҷумҳурии Қазоқистон Арман Сапаров буд, ки дар қисмати аввали ҳарб ӯро ба тарзи бӯғикунӣ дар муддати 1 дақиқа мағлуб намуд.

Сафарзода Б.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code