Дастовардҳои соҳаи саноат дар соли 2019

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба рушди соҳаи саноат-соҳаи афзалиятноки иқтисодии шаҳр диққати ҷиддӣ зоҳир намуда, дастовардҳои соҳаро дар соли 2019 бо натиҷаҳои назаррас ҷамбаст намуд.

Бо мақсади иҷрои ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии босуръати кишвар  тибки қарори дахлдори раиси шаҳр дар соли 2019 бунёди 13 корхона ва коргоҳҳои саноатӣ ба нақша гирифта шуда буд.

Дар соли 2019-ум 14 коргоҳ, аз ҷумла коргоҳҳои истеҳсоли  макарон, пахтатозакунӣ,  сехи курпадӯзӣ,  истеҳсоли маҳсулотҳои сохтмонӣ,  сангреза ва қуми шустагӣ, семенблокбарорӣ, мебелбарорӣ, дару тиразаҳои пластикӣ, қанд, семенблокбарорӣ ва бетон,  истеҳсоли хӯроки омехтаи чорво ва як корхонаи  истеҳсоли сангреза ҶДММ “Сангрезаи Кӯлоб” бо 130 ҷойи нави корӣ таъсис дода шуданд.

Дар натиҷаи чораҳои амалигардида корхонаҳои саноатии шаҳр дар якҷоягӣ бо бахши хусусӣ ба маблағи 268,1миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба  соли гузашта 50,1 миллион сомонӣ зиёд буда, рушди соҳаи саноат  123 фоизро ташкил дод.

Ҳаҷми истеҳсоли орд 115,2 фоиз, нон ва маҳсулотҳои нонӣ 101,1 фоиз, ҳасиб 1,2 маротиба, маҳсулотҳои қаннодӣ 1,9 маортиба, нахи пахта 1,7 маротиба, рег 5,7 маротиба ва бетони сохтмонӣ  24,3 маротиба  зиёд гардид.

Дар ин давра 29 корхонаҳои  истеҳсолӣ, ҳаҷми маҳсулотро  нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  зиёд намуданд. Ҳамчунин 1 корхона, ки дар соли 2018 умуман фаъолият надоштанд, дар соли равон фаъолият намуданд.

 Дар ин давра ҶСК «Сомон Кӯлоб таҷҳизот»  ба маблағи умумии 3,6 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуда, ШСХК «Барқи Тоҷик» (ҶСК “Шабакаҳои барқии шаҳри Кӯлоб” ва ҶСК “Шабакаҳои барқии минтақаи Кӯлоб”) дар ин давра аз корхонаи мазкур ба маблағи умумии 2,9 млн. сомонӣ маҳсулот харидорӣ намуданд.

Корхона ҳаҷми маҳсулотро нисбат ба соли гузашта 8,3  маротиба зиёд намуда,  39 нафаро ба кор ҷалб намудааст.

Дар  соли 2019 ҶСК «Комбинати хонасозӣ» ба маблағи 2,0 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол намуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,1 маротиба зиёд буда,  бо  ШСХК «Барқи Тоҷик», ҶДММ «Сохтмону тиҷорат», ҶДММ «Султон», «Обрасон», «Хайру неъмат», «Махсус» шартномаи ҳамкорӣ баста, дар доираи он дархост барои истеҳсоли маҳсулоти қуми шустагӣ, санги шӯстагӣ, омехтаи куму санг, тахтасанги болопӯши дарунхолӣ, пояҳои оҳану бетонӣ ва  новаи обрав истеҳсол намудааст. Айни замон дар корхона 23 коргар фаъолият намуда истодаанд.

Дар ҳудуди ҶСК «Пахтаи Кӯлоб»  ва ҶДММ “Мармариён” корҳои сохтмону азнавсозӣ ба анҷом расонида шуда, дар он боғчаи бачагона барои 120 нафар тарбиятгиранда бунёд гардида, он дар ҷашни 28 солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби Раиси вилояти Хатлон муҳтарам Қурбон Ҳакимзода ифтитоҳ гардид.

Ҳамзамон, дар ҶСК «Пахтаи Кӯлоб» ва ҶДММ «Мармариён» аз тарафи соҳибмулк коргоҳҳо барои истеҳсоли мехча, қанд, мебел ва семблок таъсис дода шуда, таҷҳизоти зарурӣ барои истеҳсолот ворид ва насб карда шуданд. Дар ҳудуди корхонаҳои зикргардида ҶСК “Хисача” таъсис дода шуда, дар соли 2019 ба маблағи 21,5ҳазор сомонӣ, аз ҷумала ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ мебел истеҳсол намуд, ки корхона соли гузашта фаъолият надошт. Бо сабаби набудани фармоиш, коргоҳҳои қайдгардида фаъолияти доимӣ надоранд.

ҶДММ “Нидои Кӯлоб” ба маблағи 455 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол кард, ки нисбат ба соли гузашта 1,5 маротиба зиёд буда, 12 нафар ба кор ҷалб гардидааст.

                                                                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code