Вохӯриҳои Ёрдамчии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Раҳмонзода Абдуҷаббор

Санаи 4 январи соли 2020 дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ вохӯри Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор, Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода бо фаъолон, махсусан омӯзгорон ва донишҷӯён  оид ба ироаи Паёми навбатии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 26 декабри соли 2019 ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гуфта гузаштанд доир гардид.

Нахуст, Раҳмонзода А.  қайд намуд, ки Паёми навбати пурра дарбаргирандаи ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии шаҳрвандон ва ҳаллли роҳҳои беҳтар намудани шароити зиндагии мардум буда, мову шуморо зарур аст, ки ба ин ғамхориҳои давлату ҳукумат масъулият зоҳир намоем ва барои сазовор таҷлил намудани ҷашни пурифтихори миллӣ, 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон омодагии ҳамачониба ро роҳандозӣ намоем.

Аз Паём шоҳиди он гардидем, ки имрӯз дар соҳаи нақлиёт 11 лоиҳаи давлатиии сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 8,5 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.

Ҳоло таҷдиду сохтмони роҳҳои мошингарди Душанбе- Бохтар, Хуҷанд- Исфара, Кӯлоб- Шамсиддин Шоҳин, Шкев-Қалъаи Хумб, Кӯлоб – Муъминобод ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ идома дошта, роҳҳои зикршуда то ҷашни 30- солагии Итиқлолияти давлатӣ ба истифода дода мешаванд.

Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз иброз доштанд, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу  Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷкистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд намудани нафақаи шаҳрвандон дар ҳамин асос ва бо мақсади дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон, махсусан нафақаи шаҳрвандони маъюб гувоҳи он аст, ки имрӯз Ҳукумати Ҷумҳурӣ баҳри зиндагии шоистаи шаҳрвандон тамоми чораҳои зарурӣро амалӣ намуда истодааст.

         Баъдан Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода суханронӣ намуда, оид ба сатҳу сифати таълим, баланд бардоштани савияи дониши хонандагону донишҷӯён, назорати ҳамаҷониба дар зинаҳои гуногуни таҳсил гуфта гузаштанд.

         Раиси шаҳр иброз доштанд, ки ғамхориву дурандешии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар возеҳан ба ҳамагон муайян гардид, ки миллати худро ба илмомӯзӣ, баҳра бурдан аз тариху фарҳанги аҷдодони худ раҳнамоӣ намуда истодааст. Ба ин хотир мебояд, ки маърифати илмомӯзии наврасону ҷавононро бештар таваҷҷуҳ намуда, ояндагони худро соҳибилму бомаърифат ва бошуур гардонем.

         Чунин вохӯриҳоро санаи 06.01.2020 дар толори қароргоҳи Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ва марказҳои ҷамоатҳои деҳот низ дар якҷоягӣ баргузор намуданд.

Мутахассиси пешбари бахши матбуотӣ

Дилором Файзова

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code