Ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар давоми соли 2019 ва вазифагузорӣ барои соли 2020

Санаи 08 январи соли 2020 дар толори қароргоҳи Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб ҷаласаи ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлоб дар давоми соли 2019 ва вазифагузорӣ барои соли 2020 баргузор гардид.

Дар маҷлис Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ Раҳмонзода Абдуҷаббор, муовини Раиси вилояти Хатлон Зоирзода Умед, Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, сардорони раёсат, шуъба ва бахшҳои мақомоти иҷроияи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахри Кӯлоб, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ҷамоатҳои деҳот, имомхатибон, раисони маҳаллаҳо ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.

Ҳисоботи Раиси шаҳр тариқи рӯзномаҳои шаҳрии «Навиди Кӯлоб» ва «Ҳақиқати Кӯлоб» нашр ва пешкаши иштирокдорони маҷлис гардонида шуда, сипас оид ба муваффақиятҳову камбудиҳо музокираронӣ карда шуд.

Раиси шаҳр аз шахсони масъул ҷиҳати камбудиҳои ҷойдошта, пурсон шуда, баҳри бартараф намудан дастурҳои зарурӣ доданд.

Ҳамчунин Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуда, оид ба натиҷаҳои омодагӣ ҷиҳати таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар соли 2019 ва  вазифагузорӣ дар соли 2020 гуфта гузаштанд.

Дар охир, муовини Раиси вилояти Хатлон ҷамъбасти натиҷаҳои рушди иҷтимоиву иқтисодии шаҳри Кӯлобро қаноатбахш ҳисобида, барои бозҳам рушд додани соҳаҳои хоҷагии халқ тавсияву андешаҳои худро иброз намуданд.

                                                                      Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code