ТЕРРОРИЗМ ВАБОИ АСР

Андешахо перомуни муносибати ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрав ва роҳҳои  пешгирии он

Асосгузори сулху вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд:  ” … бисёр мехостам, ки падарону модарон, муаллимону мураббиён, зиёиёну эҷодкорони мо насли ҷавонро дар рухияи ростию покӣ ва адолату ватанпарастӣ ва худогоҳии таърихӣ ба истифода аз мероси маънавию ахлоқии миллаташон ва гузаштагони ориёниамон тарбият намоянд”.

Таъкидҳои сарвари давлат оид ба терроризм ва экстримизм ва пешгирии он аз тарафи кулли шаҳрвандон, аз ҷумла, ҳайати омӯзгорону хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52 шаҳри Кӯлоб ҳамовозӣ пайдо кард. 

Ин гуфтахои боло мо омӯзгоронро  вазифадор кард, ки дар ҷараёни таълим, машғулиятҳои иловагию ҷойхои ҷамъиятӣ шогирдонро дар зимни ин гуфтахои сарвари давлатамон тарбия намоем, зеро як лахзаи бетарафӣ оқибатҳои нохуш ва нобахшиданӣ эҷод мекунад. Мушоҳидаҳо нишон медихад, ки шомилшавии барқе аз ҷавонон  ба ҳаракатхои тундрав шояд ибтидо мегирад аз тарбияи ғайри  педагогӣ дар оила. Барои ин ба тарбияи дурусти фарзанд аз хурдӣ аҳамият дода шавад. Волидайн дар оила ба  омӯзиши тамоми рукнхои тарбия, аз ҷумла, ба тарбияи ватандӯстӣ.омӯзиши ахлоқи ҳамида, мехнатдӯстӣ, одамдӯстӣ ва ғайраҳо таваҷҷуҳ намояд.

Масалан, падару модароне ҳастанд, ки барои хурсандии фарзанди хурдсолаш аз харидории  таппонча ё дигар намуди яроқҳои дигари бачагона худдорӣ надоранд. Ин як амалӣ оддӣ менамояд, вале нишонаҳои аввалин ва таъсирнокест ба тифли хурдсол. Бо мурури замон  бузург гардидани тифл ва зиёд шудани меҳру муҳаббати он ба ярок мумкин аст. Дар оянда волидайн аз фаҳмонидани мақсаднок ва фақат дар ҳимояи Ватан истифодаи он ҳарфе намезананд. Агар дар оила оиди  ҳаракатҳои  номатлуби замон ё шомилшавии барқе аз ҷавонон, ки дар оянда боиси таасуф ва бадбахтии оила мегардад, таъкид намоянд ин бе натиҷа намемонад. Фаҳмондадиҳихо минбаъда дар муассисахои таълимӣ ба таври бояду шояд таъкид ёбад, самараи хуб медихад. Муаллим метавонад дар як дарси тарбиявии худ истифода аз роҳу усулҳои педагогӣ чунон ба шогирдонаш таъсири натиҷабахш  алайҳи терроризм ва харакатхои тундраву окибатхои он расонад, ки то охири умр аз хотир набароранд. Ташкил намудани саҳначаҳои махсус дар мавзӯи ” Оқибати шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна харакатхои номатлубу тундрав  ва таъсири баду аламовари  он ба ойла”аз аҳамият холӣ нест.

Дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №52- и шаҳри Кӯлоб вохӯриҳою конфронсҳо ва машваратҳо, бо устодону шогирдон ва падару модарон  оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумхурии Тоҷикистрн аз 12.11.2016,  №776 дар бораи “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо экстримизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” дар мавзӯъхои гуноногун :           

1.” Терроризм  ва роҳҳои пешгирии он”.

  1. ” Терроризм вабои аср”.
  2. “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгарой”.

4.”Пешгирии хатари терроризм ва экстремизм ба ҷомеъа” ва ғайра гузарониданд.

       Дар баробари конфронсхо дар ҳар синф ва гуруҳҳо оид ба мазӯи амалиёти  террористӣ дар ҷаҳон ва оқибатҳои бади он, дарсхои тарбиявӣ гузаронида шуда истодаанд.           

     Ташкил намудани суҳбати таҳлили гурухӣ баҳри намоиши телевизионӣ дар мавзӯи доғи рӯз, яъне “Терроризм ва экстремизм” ва ҳаматарафа таҳлил намудани рафтори ҷавоне, ки  на танхо ҳаёти худ, балки ҳаёти зану фарзанд ва ашку ҳасрати падару модар ва дӯстону наздиконаш гашта,  доғи сиёҳе дар умри онхо гузоштаааст, ки боиси нафрати шунаванда мегардад, манфиатовар аст.

 

Гуландом ҚУРБОНАЗАРОВА, муовини директории Муассисаи таҳсилоти миёнаи №52- ш.Кӯлоб, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code