Тачлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 24 ноябри соли равон дар шаҳри Кӯлоб ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ роҳпаймӣ ва чорабинии фарҳангӣ бо иштироки фаъолону сокинони шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Сараввал, роҳпаймоӣ бо иштироки беш аз 15000 (понздаҳ ҳазор) нафар аз назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ оғоз гардида, то Муҷтамаъи 2700 солагии шаҳри Кӯлоб идома ёфт. Дар роҳпаймоӣ кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилоту муассиса ва корхонаҳо, устодону донишҷӯён ва дигар сокинон дар даст шиору овезаҳо ва парчамҳо иштирок намуданд.

Идомаи чорабинии Рӯзи Парчами давлатӣ дар қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб баргузор гардид.

Нахуст, Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром баромад намуда, иштирокдорон ва сокинони шаҳри Кӯлобро ба муносибати таҷлили ин ҷашни фархунда-муқаддасоти миллӣ табрик гуфт. Давоми суханронӣ қайд намуд, ки «Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати мо ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад».     

  Сипас, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло суханронӣ намуда, табрикоти худ ва Раиси вилоятро ба сокинони шаҳри Кӯлоб изҳор намуд. Иброз дошт, ки барои мо тоҷикон боиси шарафмандиву саодат аст, ки имрӯз дар як фазои сулҳу субот ва истиқлолияти бардавом таҷлили яке аз муқаддасоти миллӣ-Парчами давлатиро таҷлил намуда истодаем. Аз ин рӯ, зарур аст, ки мо фарзандони ин миллат ба арзишҳои миллии худ арҷ гузорем.

Дар охир, қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо шукуҳу шаҳомати хосса баргузор гардид.

                                                                                                                                                                                                                                                                                                Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code