Номаи табрикоти Раиси шаҳри Кӯлоб муҳатарам Баҳром Иноятзода бахшида ба Рўзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо камоли эҳтиром ҳамаи Шуморо ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ, ки рамзи бахту саодат ва сарбаландии миллату давлати тоҷикон буда, симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ мекунад, самимона табрику муборакбод намуда, бароятон бахту рӯзгори обод, зиндагии пурсаодат ва ба Ватани маҳбубу соҳибихтиёрамон пешрафт ва осмони софу беғуборро таманно менамоям.

Бо самимияти афзун кулли ҳамдиёронро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ, ки симои мардуми тамаддунсози моро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд, табрик гуфта, бароятон хонаи обод ва рӯзгори пурсаодатро орзу менамоям.

Таҷлили Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чун нишони садоқати мо ба анъанаҳои қаҳрамононаи авлоду аҷдоди сарбаланд, арҷгузорӣ ба арзишҳои умумимиллӣ арзёбӣ мешавад ва он барҳақ, таҷассумгари мақсаду мароми мо дар роҳи эъмори давлати демократии ҳуқуқбунёду дунявӣ мебошад.

Парчами давлатӣ нишони ифтихор ва сарбаландии миллат аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун давлати соҳибистиқлол дорои муқаддасоти миллӣ: Нишон, Суруди миллӣ, Парчам, Конститутсия, Забони давлатӣ ва пойтахти худ – шаҳри Душанбе аст, ки гиромидошту эҳтироми он қарзи ҳар як сокини ватандори кишвар аст.

Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд: «Қарзи шаҳрвандии мост, ки эҳтироми рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла Парчамро ба ҷо орем, ҳамеша ва дар ҳама ҷой онро гиромӣ дорем, барои ҳимояи он ва поку муқаддас доштани он бо тамоми ҳастӣ омода бошем, зеро пос доштан ва ҳимоя кардани Парчами миллӣ бо ҳифзи Ватан, падару модар, аҳли хонавода ва пос доштани суннатҳои халқи худ баробар аст».

Аз рӯзе, ки миллати соҳибфарҳанги мо соҳиби Парчами давлатӣ гардид, то имрӯз дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии кишвари азизамон дигаргуниҳои бунёдӣ ба амал омаданд.

Қабули Парчам ба болоравии ҳисси миллӣ ва сатҳи худшиносии мардуми Тоҷикистон мусоидат намуд.

Дар солҳои нахустини соҳибистиқлолӣ Парчами давлатии тозаистиқлоламон барои шинохти асолати миллӣ, эҳёи суннатҳои давлатдорӣ ва сарҷамъу муттаҳид намудани кулли сокинони мамлакат нақши арзишманд бозид.

Парчам ҳамчун рамзи нангу номуси ватандорӣ дар он шабу рӯзҳои тақдирсоз тавонист, ки эҳсоси гарми ватандориро дар қалби ҳар як фарди кишвар бедор созад ва таҳти роҳбарии хирадмандонаи Пешвои муаззами мо миллатамонро ба сӯи фардои ободу осуда раҳнамоӣ кунад.

Мардуми шарифи кишвар ва аз он ҷумла шаҳри Кӯлоби бостонӣ таҳти Парчами давлатӣ раванди ободкориву созандагиро оғоз намуда, то ба имрӯз тибқи нишондодҳои роҳбарияти олии кишвар дар бахшҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои замони истиқлолият содиқона заҳмат кашида истодаанд.

Боиси шарафмандии мост, ки имрӯз Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пештоқи биноҳои бонуфузтарин созмонҳои байналмилалию умумиҷаҳонӣ, ки кишвари мо ба онҳо узвият дорад, парафшонӣ мекунад. Ин амал шаҳодати он аст, кишвари мо рӯз аз рӯз дар миқёси ҷаҳон нуфузи бештар ёфта истодааст, ки боиси ифтихору рӯҳбаландии тоҷикони дунё мебошад.

Имрӯз шукронаи давлати соҳибистиқлоламон мекунем, ки Парчам тавассути амалҳои созандаву ободгаронаи фарзандони ватандӯсту бонанги мо дар қалби ҳар фарди ҷомеа ба вожаи воқеан муқаддас табдил ёфтааст.

Бори дигар ҳамдиёрони азизро ба ифтихори Рӯзи Парчами давлатӣ табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, сиҳатмандӣ ва иқболи баланд орзу менамоям.

Рӯзи Парчами давлатӣ муборак!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code