САНОАТИКУНОНӢ – ОМИЛИ МУҲИМИ РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ

4 октябри соли ҷорӣ дар Кохи Борбад мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо саноатчиёни ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Пешвои миллат вазъи кунунии соҳаи саноатро ҳамаҷониба таҳлил намуда, нишондиҳандаҳои асосии соҳаро нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ  муқоиса намуда, аз рушди нокифояи саноати мамлакат изҳори нигаронӣ карданд. Ҳамчунин ҷиҳати ҳалли мушкилоти соҳа дастуру супоришҳо доданд. 

Роҳбари давлат дар суханронии худ қайд намуданд, ки: “Дар шароити имрӯзаи пешрафти иқтисодӣ соҳаи саноат яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ маҳсуб ёфта, таъмин намудани рушди он яке аз вазифаҳои афзалиятнок ба шумор меравад. Бо мақсади рушди соҳаи саноат, ки заминаҳои он дар асоси се ҳадафи умуми миллӣ фароҳам оварда шудаанд, мо саноаткунонии босуръати кишварро ҳадафи чорум эълон намудем”.

Бо амалишавии ҳадафи чорум –“ саноатикунонии босуръати кишвар” Тоҷикистон зина ба зина аз кишвари аграрӣ-индустриалӣ ба кишвари индустриалӣ-аграрии пешрафта табдил меёбад. Ин ҳадаф, ки зимни ироаи Паёми солонаи Пешвои миллат ба мақоми олииқонунгузор эълон гардид, ниҳоят муҳим ва саривақтӣ буда, ҷиҳати рушди босуботи иқтисоди миллӣ, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, беҳтар намудани сатҳи иҷтимоиёти аҳолии кишвар ва коҳиши муҳоҷирати меҳнатӣ мусоидат менамояд. 

Сатҳи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва дилхоҳ давлат тавассути Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ басари ҳар як нафар аҳолии кишвар ҳисоб карда мешавад. Маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳонӣ  дар соли 2017-ум, ки 120 триллион долларро ташкил намуд, ки дар он саҳми соҳаи саноат 37 триллион доллар ё ин, ки 31,1 фоиз мебошад. Соли 2018 саҳми соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 17,3 фоизро ташкил намуд, ки нисбат ба соли гузашта 2,1 фоиз зиёд мебошад ва ин пеш аз ҳама тавассути тадбирҳои андешидаи роҳбарияти давлату Ҳукумат дар ин самт ба даст омадааст. Тибқи дастури Пешвои миллат саҳми маҳсулоти саноатӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат бояд ба 30 фоиз расонида шавад

Нишондиҳандаи дигаре, ки барои муайян намоии сатҳи рушди саноати давлатҳо истифода мешавад, ин таносуби ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба сари як нафар аҳолӣ мебошад. Дар ҷаҳон ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба сари як нафар аҳолӣ 4942 доллари амрикоиро ташкил намуда, дар баъзе давлатҳои аз лиҳози саноати тараққикарда ин нишондиҳанда хеле баланд мебошад. Масалан, дар ИМА-11825, Япония 10408 ва дар Россия 9351 доллар маҳсулоти саноатии истеҳсол шуда ба ҳар як нафар аҳолӣ рост меояд. Соли 2018 ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ ба сари ҳар як нафар аҳолӣ тақрибан 230 доллари амрикоиро ташкил намудааст, ки иннисбатан кам мебошад. 

Ҳамзамон саноатикунонии босуръати кишвар ҷиҳати беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум замина гузошта, корхонаҳои истеҳсолии нав сарчашмаҳои иловагии воридоти маблағҳои андозӣ ба буҷаи давлат низ мегардад. 

Барои ислоҳи вазъи соҳа мебояд бо дарки масъулияти баланд ва ҳисси ватандустӣ таваҷҷуҳи роҳбарон, масъулин, соҳибмулкон ва мутахассисонро ба соҳа равона намуда, пеш аз ҳама вазъи кунунии воқеъии соҳа ва корхонаҳоро ба пуррагӣ омӯхта таҳлил намоем.

Дар асоси омӯзиш ва таҳлил мушкилот ва камбудиҳоисоҳаро муайян намуда, роҳҳои ҳалли онҳоро мушаххас намоем ва қонунгузориро дар ин самт такмил диҳем.

Ҷиҳати иҷрои қарорҳои қабулгардида ва барномаву нақшаҳои таҳияшуда корҳои амалиро босифат ва дар муҳлатҳои зарурӣ ба анҷом расонем.

Барои рушди соҳа ва расидан ба ҳадафи гузошташуда иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст: 

  1. Бакордарории корхонаҳои аз фаъолият бозмонда.
  2. Афзуннамоии ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ, бахусус маҳсулоти содиротии воридотивазкунанда дар корхонаҳои фаъолиятдошта.

3.Таъсиси корхонаҳои нав дар самтҳои гуногуни соҳаи саноат.

Зимни вохӯрӣ бо саноатчиён Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба кор даровардани корхонаҳои азими хусусигардонидашуда, ки солҳои тӯлонӣ фаъолияти самаранок надоранд, бо ташвиш сухан ронда, барои фаъолгардонии онҳо супоришҳои дахлдор доданд. 

Таҷриба нишон медиҳад, ки сабаби асосии фаъол набудани ин корхонаҳо бетаваҷҷуҳӣ ва ғайрикасбӣ будани баъзе соҳибмулкони ин корхонаҳо мебошад. Биною иншоотҳо ва масоҳатҳои калони замини корхонаҳои хусусигардидаро ҳамчун амволи ғайриманқул бекор нигоҳ медоранду ба маслиҳату тавсияҳои мутахассисон аҳамият намедиҳанд. Ҳол он ки маҳз бо пешниҳодҳои коршиносони соҳа метавон корхонаҳоро ба кор дароварду аз он манфиати иқтисодӣ гирифт. Шояд зиёднамоии андози замин ва амволи ғайриманқул барои корхонаҳои фаъолнабуда ва баръакс камтарнамоии ин андозҳо барои корхонаҳои фаъолиятдошта як омили таъсиррасоне барои ба кордароии корхонаҳои бозистода ва ҳавасманднамоии корхонаҳои амалкунанда гардад. Ҳадафи асосӣ аз нав давлатикунонии ин корхонаҳо набуда, бакордарории корхонаҳои саноатии аз фаъолиятмонда мебошад.

Омили муҳиме, ки барои ташкил намудани истеҳсолот зарур аст, ин мавҷудияти ашёи хом мебошад, ки дар ҷумҳурии мо чунин имкониятҳо хеле зиёд мебошад.

Омили дигари асосии рушди  корхонаҳои саноатӣ ин фурӯши маҳсулоти истеҳсолшуда ва такрористеҳсолкунӣ мебошад.

Тадқиқоти маркетингӣ дар асоси маълумоти гумрукӣ нишон медиҳанд, ки ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти аз хориҷа воридшаванда дар корхонаҳои ватанӣ аз ҳудуди мамлакат берунбароии асъори хориҷиро камтар намуда, ба масъалаҳои муҳими дигар-таъсиси ҷойҳои нави корӣ, зиёдшавии сарчашмаҳои воридоти маблағҳо ба буҷа ва нигоҳ доштани қурби пули миллӣ нисбат ба асъори хориҷӣ мусоидат менамояд.

Чуноне дида мешавад, талаботи бозори истеъмолӣ ба  маҳсулотҳои воридотӣ рӯз аз рӯз зиёд шуда истодааст. 

Новобаста аз оне, ки ин молу маҳсулот аз роҳҳои дур бо хароҷоти зиёд ворид гардида, арзишашон баланд мегардад, харидор доранд. Бинобар ин ташкил намудани истеҳсоли ин маҳсулот бо истифодаи технологияҳои навтарин ба мақсад мувофиқ шуморида мешавад. 

Коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ самти асосии рушди саноат ба шумор рафта, Пешвои миллат оид ба ин масъала чунин супориш доданд: – “Минбаъд конҳои маъдан ба сармоягузорони хориҷӣ бе риояи шарти коркарди маъдан то маҳсулоти ниҳоӣ пешниҳод намегардад. Дар давоми ду-се соли минбаъда бояд коркарди ниҳоии ашёи хоми ватанӣ дар дохили кишвар, аз ҷумла нахи пахта, пилла, пӯст ва маъдан пурра ба роҳ монда шавад”.

Пешвои муаззами миллат ҳамчунин оид ба ташкил намудани корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, маҳсулоти гуштӣ ва ширӣ, макарон, истеҳсоли мебел, рушди соҳаи парандапарварӣ ва моҳипарварӣ низ ба масъулин ва соҳибкорон дастурҳо доданд.

Дастгирии соҳибкорони истеҳсолӣ ҳамеша зери таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, масъалаҳои озоднамоӣ аз боҷи гумрукӣ ва андозҳо ҳангоми воридоти таҷҳизоти технологӣ ва мусоидат дар фурӯши моли истеҳсолшуда, дастрасӣ барои гирифтани қарзҳои имтиёзнок аз Фонди дастгирии соҳибкорӣ, эълон намудани моратория ба ҳама гуна санҷишҳо маҳз бо ташаббуси Пешвои миллат амалӣ шуда истодааст.

Новобаста аз ин, дар амал баъзан соҳибкорон ҳангоми ташкил намудани корхонаҳои истеҳсолӣ ба мушкилиҳо, аз қабили гирифтани қарор барои ҷудо намудани қитъаи замин, шаҳодатномаи бақайдгирии замин, гирифтани иҷозатномаҳо, пайвастшавӣ ба иншоотҳои инфрасохторӣ, ба расмиятдарории ҳуҷҷатҳо ҳангоми воридоти хатҳои технологӣ ва лавозимоти зарурӣ, таҳияи лоиҳаҳо ва гирифтани қарзҳои бонкӣ ва ғайраҳо рӯ ба рӯ мешаванд, ки боиси дилхунукӣ ва рӯҳафтодагиашон мегардад. Ба андешаи мо барои ҳалли саривақтии ин гуна мушкилиҳо ва татбиқи амалии саноатикунонии босуръати мамлакат зарурати қабули қонуни нави алоҳида ва вориднамоии тағийроту иловаҳо ба қонунҳои амалкунанда фаро расидааст.

Дастуру супоришҳо ва пешниҳодҳои дар ин мулоқот  ибрознамудаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳнамои рушди босуръати саноати мамлакат мебошаду ҳамаи масъулин ва соҳибмулконро вазифадор менамояд, ки дар татбиқи амалии ин ҳадаф саҳми муносибамонро гузорем.

Хайрулло Амонулло,

муовини якуми раиси вилояти Хатлон

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code