БАРГУЗОРИИ КОНФЕРЕНСИЯИ XXII ҲХДТ ДАР ШАҲРИ КӮЛОБ

Санаи 18.11.2019 Конференсияи XXII ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб баргузор гардид. То оғози Конференсия дар толор тавассути проэктор сабти наворҳо аз рафти суханрониҳои Раиси муаззами ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Анҷумани ХII ҲХДТ пешкаши вакилон карда шуд.

Дар кори Конференсия узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, и.в. раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор, муовини раис – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шафиев Исмоил, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Орзу Ҳамидиён, 280 нафар вакилон, аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан”, фаъолон ва намояндагони ВАО иштирок доштанд.

Пас аз садо додани Суруди миллӣ ва интихоби ҳайатҳои раёсат, котибот, комиссияи таҳририя, тасдиқи регламент ва рӯзномаи маҷлис вакилон ба кори Конеференсия ҳусни оғоз бахшиданд.

Конференсия тибқи рӯзномаи тасдиқшуда масъалаҳои зеринро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дод:

  1. Шунидани ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019;
  2. Шунидани ҳисоботи комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019;
  3. Шунидани ҳисоботи гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019;
  4. Интихоби ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб;
  5. Интихоби ҳайати нави Комиссияи тафтишотии Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб;
  6. Интихоби вакилон ба Конференсияи XII ҲХДТ дар вилояти вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб.

Аз рӯи масъалаи якум Орзу Ҳамидиён маърӯза намуда, доир ба фаъолияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб аз моҳи июни соли 2017 то моҳи ноябри соли 2019 ҳисобот дод. Иттилоъ дода шуд, ки дар шаҳри Кӯлоб низ чун дар тамоми Тоҷикистон ҲХДТ дорои мавқеу обрӯ ва ҷонибдории устувори сокинон буда, Кумитаи иҷроия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои амалкунанд, қарорҳои Анҷмани ХII, Оиннома ва Барномаи ҳизб, дастуру супоришҳои КИМ ҲХДТ ва КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон фаъолият намуда, дар ин давра ба натиҷиҳои назаррас ноил гардидааст.

Ҳамзамон гуфта шуд, ки дар давоми ин солҳо сафи аъзои ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ба миқдори 1229 нафар зиёд карда шуда, 38 ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии нав таъсис дода шуданд.

Вобаста ба чорабиниҳои баргузоршуда, аз ҷониби Орзу Ҳамидиён қайд гардид, ки дар ин давра аз тарафи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Пешвои миллат ва дигар чорабиниҳо дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти Марказӣ ва вилоятии ҲХДТ дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷумла, милитсия, прократура, амният, агентии мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, кормандони соҳаи тандурустӣ, фарҳанг ва ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ зиёда аз 1266 вохӯрию мулоқотҳо бо иштироки беш аз 124 064 ҳазор нафар дар шаҳру деҳоти Кӯлоб ташкил ва баргузор гардид, ки кор дар ин самт дар соли 2020 низ идома хоҳад ёфт.

Зимни музокира, узви Раёсат ва Кумитаи иҷроия, и.в. раиси шахри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулғаффор, муовини раис – роҳбари Дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Иброҳимзода Неъматулло, Раиси Шӯрои собиқадорони ҲХДТ дар вилояти Хатлон Шафиев Исмоил ва роҳбари ташкилоти ибтидоии ҳизбии дар маҳаллаи “Ориёно” Кучаров Алихон ҳисоботи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлобро дар давраи ҳисоботӣ қаноатбахш ҳисобиданд.

Сипас тибқи масъалаи дуюми рӯзнома Қурбонзода Наргис раиси комиссияи тафтишоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бораи фаъолияти молиявии Кумитаи иҷроия дар давраи ҳисоботӣ маълумот дод.

Аз рӯи масъалаи сеюм бошад, роҳбари гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷаби Асозода аз рафти фаъолияти гурӯҳи вакилии ҳизбӣ дар давоми 2,5 сол ҳисобот дод.

Зимни баррасии масъалаҳои чорум ва панҷум низ бо иштироки фаъолонаи вакилон ҳайати нави Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб иборат аз 31 нафар ва комиссияи тафтишотӣ иборат аз 5 нафар интихоб карда шуданд.

Аз рӯи банди 6-уми рӯзнома барои иштирок дар Конференсияи ХII ҲХДТ дар вилояти Хатлон аз шаҳри Кӯлоб низ вакилон иборат аз 44 нафар интихоб гардиданд.

Ҳамзамон дар баробари баррасии масъалаҳои Конференсия, аввалин маҷлиси Кумитаи иҷроия дар ҳайати нав баргузор гардид, ки дар он тибқи масъалаҳои рӯзномаи маҷлис ҳайати нави Раёсати Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб интихоб шуда, ҷадвали баргузории вохӯриву суҳбатҳо ҷиҳати таблиғу ташвиқи Барномаи ҲХДТ ва номзади ҲХДТ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар ҳудуди участкаҳои интихоботии шаҳри Кӯлоб аз 11 декабри соли 2019 то 22 феврали соли 2020 тасдиқ гардид.

Инчунин, барои хизматҳои арзандааш дар рушду нумуи диёр, кордониву ташаббускорӣ, дарки баланди масъулият дар амалӣ гардонидани сиёсати хирадмандонаи Раиси муаззами ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва саҳми босазо гузоштанаш дар татбиқи ҳадафҳои барномавии ҳизб Раҳмонзода Абдулғаффор вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуд.

Қарорҳо ва масъалаҳое, ки дар Конференсия ва маҷлиси Кумитаи иҷроия баррасӣ карда шуданд ба манфиат ва пешрафти ҷомеа равона шуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидани корҳои ҳизбӣ дастурҳои мушаххас дода шуданд.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code