Таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 16 ноябри соли 2019 дар толори Қароргоҳи Раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб баҳри таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ доир карда шуд.

Дар багузории чорабинии мазкур Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром, муовини Раиси вилояти Хатлон Зоирзода , инчунин иштирокчиёни Иҷлосияи XVI-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳайдар Шарифзода, Ҳақназар Ғоиб ва Бозорзода Сафаралӣ  иштирок ва суханронӣ намуданд.

Сараввал, Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром суханронӣ намуда, иштирокдорон ва тамоми мардуми шарафманди шаҳри Кӯлобро ба ифтихори таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тҷикистон шодбош гуфта, иброз намуд, ки «Бузургдошти Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маънои дарки аҳамияти калидии ин ниҳоди давлатӣ дар ҳифзу тараққии давлатдории миллии мо ва ҳамчунин ҷашни қадрдонию сипос ба тамоми он арзишҳои баланди давлати миллӣ ва шаҳрвандие мебошад, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кафили конститутсионии онҳо фаъолият мекунад».

Баъдан муовини Раиси вилояти Хатлон Зоирзода баромад намуда, сокинони шаҳри Кӯлобро аз номи худ ва Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-солагии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфт. Иброз дошт, ки имрӯз барои тамоми мардуми Тоҷикистон рӯзи фаромушнашаванда ва рӯзи хушбахтист. Зеро дар ин рӯз Иҷлосияи вакилони мо тақдирсоз гардид ва мо ба ояндаи дурахшони миллати худ  умед бастем.

Дар ин росто, Ҳайдар Шарифзода-вакили онвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ намуда, бо ёдоварӣ аз он рӯзҳои пурдаҳшати ҷанги шаҳрвандӣ ва шукргузорӣ аз имрӯза фазои оромӣ суханони худро ҷамъбаст намуд.

Ҳамчунин Бозорзода Сафаралӣ ва Ҳақназар Ғоиб низ аз ҷасорату шуҷоати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар он солҳои пурхатари ҷанги шаҳрвандӣ ва нақши он баҳри ба даст овардани ваҳдату якдилӣ гуфта гузаштанд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ дар Боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ба анҷом расид.

                                                                        Мудири бахши матбуотӣ:     Шокирҷони КАРИМ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code