Таҷлили 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ирӯз дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб таҷлили 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз, муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло, Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром ва собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону донишҷӯён ва дигар фаъолон доир гардид.

Нахуст, Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром суханони табрикии худро ба иштирокдорон ва мардуми шарафманди шаҳри Кӯлоб изҳор намуда, бо шукургузорӣ аз фазои орому осудаи кишвар ва эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунанда табрикоти худро идома бахшид.

Раиси шаҳр зимни суханронии худ иброз намуд, ки «Дар Конститутсия зикр мешавад, ки ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад».

Баъдан, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор Азиз мардуми шаҳри Кӯлобро ба ифтихори таҷлили Рӯзи ин санади муҳими давлатӣ-Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош намуда, барои ҳифзу гиромидошти ин ҳуҷҷати муҳими давлатӣ иштирокдоронро таъкид намуд. Баён дошт, ки волоияти қонун баҳри Истиқлолияти бардавоми сарорсарии мардуми мо ва махсусан, ҳимояи ваҳдату якдилии миллати азизамон нақши муҳим дорад. Аз ин рӯ, зарур аст, мо ба Конститутсияи давлати худ эҳтироми хоса дошта бошем.

Инчунин муовини якуми Раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло  аз номи худ ва аз номи Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аҳли толор ва сокинони шаҳри Кӯлобро ба ифтихори 25-умин солагрди Рӯзи Конститутсия табрику таҳният гуфта, иброз дошт, ки сокинони далеру шуҷои шаҳри Кӯлоб бо матонату қавииродагии худ ҳамеша дастгири сиёсати давлатанд. Аз ин рӯ, мо ҳамагон метавонем дар ҳифзу нигоҳдошти Конститутсияи ҷумҳурии азизамон нақши бориз дошта бошем.

Дар охир, ҳунармандони варзидаи бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо рақсу суруд хотири иштирокдоронро болида гардониданд.

                                                                                    Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code