Сухани табрикотии и.в Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода  дар маҷлиси тантанавӣ бахшида ба 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҳамдиёрони азиз!

Меҳмонони гиромӣ!

6 ноябри соли 1994 дар таърихи халқи тоҷик ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гардида, дар ин рӯз нахустин маротиба дар таърихи давлатдории тоҷикон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид ва мардуми Тоҷикистон бо қабули Қонуни асосии кишвар барои ташаккули давлати демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёд заминаи боэътимод гузоштанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои хеш таъкид доштанд: “Конститутсияи Тоҷикистон ҳамчун ифодагари азму ирода, равшангари роҳи ҳаёти мардум, воқеан санади тақдирсозест, ки низоми давлатдориро муайян намуда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро таъмин мекунад”.

Арзиши баланди ин ҳуҷҷат дар моҳияти сиёсиву фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, давлатию ҳуқуқӣ, таърихию анъанавӣ ва миллӣ доштани он зоҳир мешавад. Дар Конститутсия зикр мешавад, ки ҳадафи асосӣ ва ниҳоии давлат ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани шароит барои гуногунандешӣ, озодии сухан ва фаъолияти озоди иқтисодӣ мебошад.

Ба ин маънӣ бо қабули Конститутсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ дар асоси равияҳои гуногуни сиёсиву мафкуравӣ имконпазир гардид. Ҳуқуқи шаҳрвандон дар ташкили ҳизбҳои сиёсӣ, иттифоқҳои касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ҳамчунин иштирокашон дар фаъолияти онҳо кафолат дода шуд.

Ҳозирини  гиромӣ!

Дар воқеъ, Конститутсияи мо ифодагари ормону омоли мардуми тоҷик аст ва он аз фарҳанги пурғановату таърихи қадимаи миллат сарчашма мегирад. Мо ифтихор дорем, ки тамоми арзишҳои милливу башардӯстиамон имрӯз эҳё шудааст ва онҳо дар муҳимтарин санадҳои давлатдорӣ, аз ҷумла дар Конститутсияи мамлакат ҳамчун меъёр пазируфта шудааст. Аз ин рӯ, вазифаи кулли мардуми кишвар ин аст, ки ин меъёрҳоро сармашқи зиндагиву кору фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва барои поймол нашудани он ҳамеша талош варзанд.

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои аҳмияти байналмилалӣ буда, бо шарофати арзишҳои асосии он миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳон шинохта ва эътироф намудаанд. Ҳамин аст, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо дар қатори яке аз панҷ Конститутсияҳои беҳтарини давлатҳои аъзои ин ташкилоти мӯътабари байналмилалӣ эътироф гардидааст.

Қабули Конститутсия кишвари моро ба сафи давлатҳои демократии ҷаҳони муосир ворид намуд. Он ҳуқуқи инсонро арзиши олӣ эътироф намуда, доираи фаъолияти тамоми нерӯҳои сиёсӣ – ҳизбҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятиро  муайян намуда, барои кор ва фаъолияти онҳо заминаи қонунӣ гузошт. Конститутсия низоми иқтисодии мамлакатро дар заминаи эътироф намудани ҳамаи шаклҳои моликият муайян намуд.

Дӯстони азиз!

Эҳтиром гузоштан ба Конститутсия ва риояи қонунҳои амалкунандаи ҷумҳурӣ яке аз муҳимтарин омилҳои амнияту осоиштагӣ ва устувории давлат маҳсуб меёбад. Хусусан, дар замоне, ки вазъи ҷаҳон номусоид аст, пойбанди қонун будан аз ҳар вақти дигар дида манфиатноктар аст.

Моро лозим аст, ки гузаштаи на чандон дурро фаромӯш накунем. Қабули Конститутсия барои кишвари тозаистиқлоли мо, ки аз ҷанги дохилӣ хаста шуда буд, роҳи пойдории қонуну риояи ҳуқуқи инсонро боз кард. Имрӯз, Тоҷикистон ба як давлати орому осоишта мубаддал гардид.

Дар баробари ин, Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ пайваста барои озодии инсон ва ободии рӯзгори мардум барномаҳои мухталифи         давлатиро таҳия ва амалӣ менамояд.

Тавассути ин барномаҳо соҳаҳои мухталиф рушд ёфта, беҳбудӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ сол ба сол эҳсос мегардад.

Аз ҷумла, Кӯлобшаҳри бостонӣ ободу зебо гашта, мардуми бонангу номуси он дар ҳаёти ҷамъиятӣ фаъолу ташаббускор мегарданд. Дар рӯҳияи баланди ватандӯстиву ифтихори миллӣ таҷлил намудани ҷашнҳои бузурги миллатамон-Ваҳдати миллӣ ва  28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишонаи он аст, ки мардуми сарбаланди мо боз ҳам муттаҳид ва бо ҷонибдорӣ аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон барои фардои дурахшони Ватани азизамон дучанд меҳнат менамоянд.

Бо таваҷҷуҳи бевоситаи роҳбарияти шаҳр ва азму иродаи мардуми меҳнатдӯсти диёр дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳри Кӯлоб рӯз аз рӯз ба як макони ободу зебо табдил гардида, нишондихандаҳо дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ, аз  қабили маорифу тандурустӣ, саноату сохтмон ва кишоварзӣ басо назаррас мебошанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин лаҳзаҳои пур аз шодиву фараҳ ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кулли мардуми шаҳрро самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори орому осуда, зиндагии шоиста ва сарфарозиву иқболи баланд орзу менамоям.

Солгарди санади муқаддас ва тақдирсоз муборак, дӯстони азиз!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code