Ифтитоҳи як қатор иншоотҳо ба муносибати 25-солагии Рӯзи Конститутсия  

Имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор дар якҷоягӣ бо Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром як қатор иншоотҳои навтаъсисёфтаро дар ҳудуди шаҳри Кӯлоб ба муносибати 25-солагии Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи нақшаи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳабардорӣ қарор доданд.

 Сараввал, бинои дуошёнаи суратгирхонаи Ҷавононро, ки аз ҷониби соҳибкор Шокиров Саидкарим бо маблағи беш аз 270 ҳазор сомонӣ бунёд гардидааст, аз ҷониби Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор дар якҷоягӣ бо Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром ифтитоҳ гардид. Дар ошёнаи якум суратгирхона, сартарошхона, кошонаи ҳусн ва дар бинои дуюм сехи хурди дӯзандагӣ  таъсис додааст. Хизматрасонӣ дар бинои мазкур барои ятимон ва ҷанговарони Башардӯст ройгон ба роҳ монда шудааст. Айни замон дар бинои мазкур 12 нафар ба ҷои кор таъмин гардидааст.

Инчунин дар дохили Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонии шаҳри Кӯлоб қаҳвахона барои мизоҷон таъсис ёфта, дар он хурокҳои тезтаёр омода карда мешаванд, имрӯз мавриди истифода қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар ин рӯз як пули пиёдагузар барои рафтуои сокинони ду маҳалла, болои сойи Тебалай, ки аз ҷониби сокинони маҳаллаи Чармгарони поён сохта шудааст, ки ҳатто нақлиёти хурд низ метавонад аз болои ин пул гузарад, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Минбаъд сокинон ва ба хусус хонандагон метавонанд дар ҳама фасли сол рафтуо намоянд.

Баъдан дар маҳаллаи 1-майи шаҳри Кӯлоб бинои дуошёнаи ҳамоми Румайсо, ки аз ҷониби соҳибкор Бобоев Акмал сохта шудааст, ифтитоҳ гардид. Ҳамом дорои 2 ҳавзи шиноварӣ буда, аз утоқҳои умумӣ ва алоҳида иборат аст. Дар як вақт метавонад то 40-45 мизоҷро қабул намояд.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code