Ифтитоҳи бинои нави Коллеҷи миллитсия дар шаҳри Кӯлоб

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Точикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати сазовор таҷлил намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шаҳри Кӯлоб бунёди  иншоотҳои гуногуни ниёзи мардум ҳамарӯза вусъат ёфта, ҳамчунин давоми рӯзи 05 ноябри соли 2019 дар шаҳри Кӯлоб бинои нави замонавии Коллеҷи миллитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Рамазон Ҳамро, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор ва Раиси шаҳри Кӯлоб Баҳром Иноятзода мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Бино аз ҷониби Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи миллитсия ифтитоҳ гардида, дорои 4 ошёна ва зербино мебошад. Инчунин бинои мазкур аз 14 синфхона иборат буда, бо таҷҳизотҳои замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Дар дохили бино толори барҳаво иборат аз 300 ҷойи нишаст, баҳри баргузории маҳфилу чорабиниҳои гуногун бунёд ёфта, китобхона барои курсантони коллеҷ бо 3600 нусха китобҳо ҷиҳати омӯзиш муҳайё карда шудааст.

Зимни шиносоии меҳмонон аз дохили муассиса дар толори бино вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Р.Ҳ., бо курсантони Коллеҷи миллитсия доир гардид.

Сараввал, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханро ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуҷаббор дода, номбурда курсантонро ба муносибати 25-умин солгарди Рӯзи Коститутсияи Чумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният намуд. Дар ин радиф бо суханони муассири худ оид ба, заҳмату талошҳои кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва махсусан кормандони миллитсия ва саҳми арзандаи онҳо дар нигоҳдошти тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон гуфта гузашт.

Баъдан Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимзода Р.Ҳ. суханронӣ намуда, ҷиҳати мубориза ва нишон додани далериву шуҷоии кормандони миллитсия баҳри роҳ надодан ба ҳаракату равияҳои ихтилофангез таъкид намуд. Қайд намуд, ки курсантонро зарур аст, айёми таҳсилро самаранок истифода намуда, дар оянда  баҳри ҳимояи марзу буми кишвар, осоиштагиву суботи ҷомеа бо шуҷоату далерии худ содиқона хизмат намоянд.

Ҳамчунин Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода баҳром низ суханронӣ намуда, баҳри дастгириву ҳамкориҳои Вазорати корҳои дохилӣ барои шаҳри Кӯлоб изҳори миннатдорӣ намуд.

Дар охир як қатор курсантони фаъол ва гурӯҳи ҷавонони «Авангард» бо мукофотҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

                                                                              Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code