Гузориш оиди мизи мудаввар

Рӯзи 30 октябри соли 2019 ҷиҳати иҷрои Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила» ва «Барномаи давлатӣ оид ба пешгирии зӯроварӣ дар оила барои солҳои 2014 – 2023» дар ҳамкорӣ бо намояндагии ташкилоти ГОПА дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар шаҳри Кӯлоб бо иштироки муовини Раиси шаҳри Кӯлоб Маҷидова Кеҷамо Афғоновна, намояндагони шуъбаҳои  кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб, оид ба корҳои дин танзими анъана  ва ҷашну маросимҳо, бахши  матбуотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр,  САҲШ,  ШВКД, прокуратура, суд, иттиҳодияҳои динӣ  ва итиҳодияҳои ҷамиятӣ  баргузор  гардид.

Бояд қайд намуд, ки дар кори семинар мавзуъҳои пешгирии  зӯроварӣ дар оила, сабабҳо ва намудҳои зӯроварӣ, усулҳои хизматрасонии байнисоҳавӣ матраҳ гардиданд. Дар охир аз ҷониби  иштирокчиён таклифу пешниҳодҳо   оиди  роҳои пешгирии зӯроварӣ дар оила ва сабабу шароити ба ин зуҳурот расонанда пешниҳод гардиданд.

                                                                                                                                                                                                                                                                               Шубаи кор бо занон ва оила

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code