Аксия дар мавзӯи “Пиряхҳои худро ҳифз намоем!”

Санаи 26 октябри соли ҷорӣ аз тарафи Шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Кӯлоб дар якҷоягии Бозрасии ҳифзи муҳити зисти минтақаи Кӯлоб ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб дар назди фаввораи Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ  Рӯдакӣ аксия дар мавзӯи “Пиряхҳои худро ҳифз намоем!” доир гардид.

Дар ин чорабинӣ зиёда аз 1500 нафар устодон ва

донишҷуйёни Донишгоҳи давлатии Кӯлоб, коллеҷи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб иштирок намуданд.

Чорабиниро муовини якуми Раиси шаҳри Кӯлоб Каримзода С. ҳусни оғоз бахшида, оид ба ҳифзи муҳити зист ва махсусан ҳуфзу нигаҳдории пиряхҳои сарзамини Тоҷикистони азиз маърӯза намуд.

Чорабинии мазкур дар сатҳи баланд баргузор гардида,

фаъолони чорабинӣ бо сипосномаҳои сардори шуъбаи ҳифзи

муҳити зисти шаҳри Кӯлоб сарфароз гардонида шуданд.

                                                            Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code