Саразм-мероси фарҳангии сайёра

«Бо дарназардошти аҳамияти шаҳри қадимаи Саразм, пешниҳод менамоям, ки соли 2020-ум 5500 солагӣ Саразми бостонӣ ҳамчун марказӣ ташаккули маданияти кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон ҷашн гирифта шавад»

                                                              Эмомалӣ Раҳмон

Таърих гувоҳ аст, ки халқи тоҷик дорои  урфу одат, анъана, мероси  боюу  ғанӣ буда, дар  байни дигар халқиятҳо  ҳамчун миллати куҳанбунёд мавқеи худро касб намудааст. Тибқи маълумотҳо ҳоло дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 2900 ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ мавҷудаанд, ки онҳо дар манотиқи гуногуни кишвар ҷойгир шудаанд ва ҳамарӯза шумораи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба ин манотиқҳо ташриф меоранд ва бо ин роҳ ба буҷети давлат фоидаи калон меоранд. Саразм бошад ҳамчун маркази тамаддуни ҷаҳон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Номгузории  Саразм аз калимаи тоҷикӣ «Саризамин» ба вуҷуд омадааст. Он дар соҳили чапи яке аз дарёҳои калонтарини Осиёи Марказӣ Зарфшон, дар баланди 910 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир шудааст. Шаҳри қадимаи Саразм соли 1976 аз ҷониби олим ва бостоншиноси тоҷик Исҳоқӣ  Абдулоҷон кашф шудааст. Ин ёдгорӣ дар 15км ғарби ш.Панҷакент ва 45 км дар шарқи шаҳри Самарқанд ҷойгир шудааст.

Шаҳри қадимаи Саразм 4 давраи 4000  соларо паси сар карда, фарқ байни ҳамдигар 1000 солӣ мебошад. Дар ин шаҳр санъати меъморӣ хеле хуб оро дода шудааст.

Корҳои пажуҳишгарӣ ва кашфиёт дар ин ҷо аз бозёфти табари сангӣ аз ҷониби сокини ҷамоати  деҳоти Саразм Ашуралӣ Тайланов оғоз шуда, пасон дар ин кор Абдулоҷон Исҳоқӣ  соли 1976  ибтикор нишон медиҳад. Баъдан, ба омӯзиши он бостоншиносон ба монанди доктори илмҳои таърих С.Бобомулоев, номзади илмҳои таърих А.Розиқов ва Ш.Қурбонов машғул шудаан.

Ҳамчунин қайд менамоям,ки дар ин шаҳри қадима бостоншиноси фаронсавӣ Роланд Безенвал ва Франкфор Анрипол тадқиқот бурдаанд.

Саразм масоҳати умуми 100 гектарро дар бар гирифта, аҳолиаш ба 8 ҳазор мерасид. Дар ин макони таърихӣ ба ақидаи архиологҳо биноҳои истиқоматӣ бештар дар самти шимолу ғ арбӣ ва биноҳои маъмурӣ дар самти ҷанубу ғарбӣ ҷой гирифтааст. Ин тадқиқотҳои олимони соҳа маълум кард,ки биноҳои маъмурӣ аз биноҳои истиқоматӣ ба куллӣ фарқ мекунанд. Шаҳр дорои қаср ва маъбадҳо, маҳалаҳо ва кучаҳо будааст. Ҳамчунин аз Шаҳри Саразм якчанд ибодатгоҳҳое дарёт шуд, ки он оину мазҳаби мардуми қадимаи он гувоҳ медод. Мардуми он асосан ба чорводорӣ ва кишоварзӣ машғул мешудаанд.

Қадимтарин бозёфти Саразм ин «Гури Маликаи Саразм» ба ҳисоб меравад, ки ин бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 Саразм ҳамчун марказӣ ташакули тамадуни кишоварзӣ, ҳунармандӣ ва шаҳрсозии тоҷикон, мамнунгоҳи таърихию бостоншиносӣ эълон гардид.

Соли 2010 бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ин ёдгории нодири таърихӣ аз Юнеско ба феҳристи мероси фарҳанги умумибашарӣ ворид карда шуд.

Дар заминаи бозёфтҳои Саразм чандин конфренсияҳои илми тадқиқотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор гардид. Ҳанӯз, соли 1982 дар ҳамоиши байналмилалӣ Шуравию Фароонсавӣ дар мавзуъи «Маданияти қадими Бухоро» ки дар ш.Душанбе доир шуда буд мавзӯи аввалини муҳақиқ  ва кашшофи Саразм Абдулоҷон Исҳоқӣ дар мавзӯи «Ёдгори аҳди қадимаи кишоварзӣ Саразм дар водии Зарафшон» буд, ки мавриди таваҷҷуҳи таърихнигорони дохилию хориҷӣ карор гирифт.

        Курсанти Коллеҷи милитсия ВКД

КАРИМОВ  Муҳаммадҷон,

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code