Таҷлили Рӯзи фалак дар шаҳри Кӯлоб

Ҳамасола дар саросари ҷумҳурии азизамон 10-уми октябр ҳамчун Рӯзи фалак таҷлил карда мешавад.

Имрӯз низ ба ин муносибат дар толори Қасри фарҳанги шаҳри Кӯлоб ҷиҳати таҷлили  Рӯзи фалак ҳунармандону фалаксароён, навозандагони найю  ғижжак,  думраву дутор  ва ҳаводорони ин ганҷинаи бебаҳо  ҷамъ омада, таҳти роҳбарии муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова чорабинии тантанавӣ доир намуданд.

Сараввал, муовини раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова чорабиниро бо суханҳои табрикотӣ оғоз намуда, аҳли ҳунарро барои ин рӯзи фарҳангӣ табрик намуд. Бо ёдоварӣ аз фалаксароёни машҳури шаҳри Кӯлоб истодагарӣ намуда, ҳамчун намояндагони воломақоми ин жанри фарҳангии миллати тоҷик аз онҳо ном бурд. Иброз намуд, ки «Боиси ифтихор аст, ки фалак дар сарзамини Кӯлоб ҳамчун жанри ба зиндагиву рӯзгори мардум тавъам шинохта шуда, сарояндагони мумтозе чун шодравон Одина Ҳошимов, Давлатманд Холов, Ҷумъахон Сафаров, Гулчеҳра Содиқова, Сурайё Қосимова, Фотима Тураева, Озадамоҳ Муҳтарамова, Мирзоватан Миров, Файзалӣ Ҳасанов,  Нурулло Холов  ва дигарон онро бо ҳунари хоса иҷро мекунанд.

Тули қарнҳо фалак ҳамчун мусиқии тарбиявӣ, ғоияи  ахлоқӣ  дошта дар тарбияи  фарҳангии наслҳо хизмати арзанда карда аст. Имрӯз дар муҳити нави рушди санъат анъанаҳои беҳтарини он идома доранд ва бо тобиши тоза ҷаҳони маънавӣ ва завқи зебописандии мардумро сайқал мебахшанд. Фалак аз зумраи ганҷинаи бебаҳое мебошад, ки аз қаъри асрҳо то замони мо ҳамчун мусиқии классикӣ боқӣ мондааст. Бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми мо намунаву суннатҳои беҳтарини адабиёт ва фарҳангу ҳунари хешро арҷгузорӣ ва эҳтиром мекунанд.     Мусиқии фалак дар тӯли асрҳо рисолати таърихии хешро ба ҳайси ифодагари маънавиёту ахлоқ аз замони бостон то кунун иҷро карда истодааст».

Барномаи консертии ҳунармандонди шаҳри Кӯлоб  таҳти унвони «Рози Фалак» бахшида ба Рӯзи фалак  бозгӯкунандаи  розу ниёзи мардум, ишқу муҳаббат  ва ваҳдату меҳанпаастӣ буд. Ахли толор низ дар фазои сулҳу субот ба шӯру шавқ омада,   аз ҷой бархоста мерақсиданду шодмонӣ мекарданд.

Ҷашни  Фалак дар шаҳри Кӯлоб ба рӯзи  шодмонии иштирокдорони ин ҳамоиши  фарҳангӣ  мубаддал гардид.

                                               Бахши матбуотӣ

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code