Табрикоти раиси  шаҳри Кӯлоб, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Баҳром Иноятзода ба ифтихори Рӯзи Забони давлатӣ

Ҳамдиёрони азиз!

Ҳозирини гиромӣ!

Дар ин рӯзи таърихӣ, ки рӯзи барои тамоми тоҷикони ҷаҳон рӯзи муқаддас аст, Шуморо бо беҳтарин орзую таманноҳо ва самимияти бепоён ба рӯзи Забони тоҷикӣ- Забони давлатӣ табрик мегӯям.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои милат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон воқеъбинона таъкид намудаанд: «Таърих гувоҳ аст, ки агар забони миллӣ аз байн равад миллат ҳам дер ё зуд тафаккури миллии худро аз даст дода, оқибат завол меёбад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як фарди бонангу номус ҳифзу эҳтиром ва гиромӣ доштани забони давлатӣ аст».

Дар воқеъ, аз ҳама фоҷиаҳои бузурги таърих дар ҳазор соли бедавлатии тоҷикон танҳо забон, забони ноб, забони шеъру илму фарҳангамон миллатро зинда нигоҳ дошт. Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ ба эҳёву пойдории забони тоҷикӣ тамоми шароитро ба вуҷуд овард.

Сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба он нигаронида шудааст, ки дар баробари ҳифзу нигоҳдошти дигар арзишҳои миллӣ арҷгузорӣ ба забони шевои тоҷикӣ ва поку беолоиш нигоҳ доштани он яке аз муқаддасоти миллӣ дониста шавад.

Маҳз, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раҳонидани миллат аз вартаи нестӣ ба пойдориву устувории забони давлатӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Аз нахустин рӯзҳои фаъолияти сарвариашон таъкид доштанд: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллат мебошад».

Пешвои муаззами миллат дар яке аз паёмҳояшон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ чунин таъкид карда буданд: «Барои гузаштагони мо ифтихор аз Ватан ва забон ҳамеша ангезандаи эҳсоси олӣ буда, дар ҳама давру замон аз ҷумлаи мафҳумҳои муқаддастарин арзёбӣ гардидааст. Ба ин маънӣ забони давлатӣ бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст».

Он кас, ки ба тавоноии забони давлатии тоҷикӣ эътимоду боварии қатъӣ доранд гуфтаанд: «Забони классикии дарӣ, ё порсӣ, яъне забони тоҷикӣ, ки дар заминаи забонҳои авастоӣ ва паҳлавӣ ба вуҷуд омадааст, минбаъд бояд яке аз забонҳои тамаддуни ҷаҳонӣ гардад».

Барои ривоҷу густариш ва боз ҳам устувор гардонидани забони илмии тоҷикӣ ва баланд бардоштани мақому ҷойгоҳи он дар ҳаёти ҷомеаи мо, шароити мусоид фароҳам оварда шудааст, ки пеш аз ҳама ин  қабул гардидани як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мебошад. Чуноне ки дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Забони расмии кишвари Тоҷикистон тоҷикӣ аст. Ҳама халқҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, ҳақ доранд озодона аз забони модарии хеш истифода кунанд». Забони тоҷикӣ аз ҷониби давлат ҳимоят шуда, кафили нигаҳбонии он Президенти кишвар аст.

Имрӯз забони тоҷикӣ сарҳади доманадору шӯҳрати ҷаҳонӣ дорад. Забони модарӣ яке аз рукнҳои муҳимтарини сохтори давлати миллист. Забон робитаи ниҳоят зиндаю зарурӣ, барҷаста ва пайванди наслҳо мебошад, ки ниёгон, муосирон ва ояндагонро ба як воҳиди бузургу ягонаи таърихӣ ба ҳам пайвастааст. Мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки ҷашни Рӯзи забони тоҷикӣ ҷашни тоҷикони дунёст.

Лозим ба ёдоварист, ки бегонагони ба сарзамини мо ҳамлагар ҳамеша талош доштанд, то пеш аз ҳама забони мардуми таҳҷоиро аз байн бибаранд ва дар ин росто тозиён, ки ҳадафи нахустинашон ба нестӣ расондани забони тоҷикӣ – форсӣ буд, бо пайгирии пайваста натавонистанд бар ҳадафи худ ноил гарданд. Императории бузурги Сосониён бо он ҳама ҳашамату шукӯҳаш натавонист пеши роҳи тозиёнро бигирад. Лашкари тозиён пас аз шикаст додани артиши Эрон, ҳамон сол хостанд Ориёнои Шарқӣ, ё чи хеле ки мегӯянд Мовароуннаҳрро ба даст оварданд, вале барои ишғоли сарзамини имрӯзаи Тоҷикистон ва Бухорову Самарқанд, сад соли дигар ҷангиданд. Забони бостонии форсӣ – тоҷикӣ, ҳеҷ гоҳ ҷойи худро ба забони арабӣ надод.

Сулолаи Сомониён, ки пас аз Саффориён зимоми давлатдориро ба даст гирифтанд, махсусан писарони Аҳмади Сомонӣ, Исмоили Сомонӣ ва Наср бинни Аҳмади Сомонӣ, дар инкишоф ва густариши забони дарӣ нақши асосӣ бозидаанд.

Давраи сомониёнро метавон нахустин давраи инкишофи забон ва адабиёти дарӣ ба шумор овард, зеро аввалин бор пояҳои такомули адабиёти форсӣ – тоҷикӣ ниҳода шуд ва беҳтарин шоирону сухансароён зуҳур карданд ва зербинои назму насри адабиёти форс – тоҷик дар давраи сомониён рехта шуд. Бузургтарин намунаи такомули шеър дар ин давра шеъри Рӯдакӣ аст, беҳтарин намунаҳои наср «Таърихи Балъамӣ» ва кохи баланди сухани тоҷикии дарӣ, бинои назми «Шоҳнома» ҳам дар ин давра гузошта шудааст. Фирдавсӣ забони форсиро мондагор сохт  ва мусаллам аст, ки «Шоҳнома» бузургтарин санади нобуд нашудани забони мову Шумо мебошад.

Агар замони Сомониёнро марҳалаи аввали ҷунбиши миллӣ-озодихоҳӣ, ки паёмади он ташкили империяи бузурги миллӣ буд, биномем, пас марҳалаи дуввум баъди ҳазор сол бо ному талошҳои устод Садриддин Айнӣ бастагӣ дорад, ки натиҷаи набардҳои ӯ дар бунёди Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳми чашмрасе дошт.

Бешак устод Садриддин Айнӣ яке аз он шахсиятҳое буд, ки ҳамроҳ бо забони тоҷикӣ аз мушкилоту монеаҳои гуногун сарбаландона гузашт. Дар ҳақиқат сарнавишти забони ноби тоҷикӣ ба номи устод  Айнӣ сахт алоқаманд мебошад. Дар пешрафту инкишофи забон ва адабиёти халқи тоҷик устод Айнӣ аввалин шахсест, ки бо асарҳои хеш хазинаи адабиёти халқи тоҷикро ғанӣ гардондааст.

Ҳамин аст, ки тоҷикшиноси барҷастаи чех Иржи Бечка ӯро «падари фарҳанги нави тоҷикӣ» номида буд. 

Пас аз Инқилоби Октябр як гурӯҳ шахсоне пайдо шуданд, ки мавҷудияти миллати тоҷик ва забону адабиёти моро инкор мекарданд. Устод ба муқобили ин ҷараёни носолими пантуркизм бархоста, соли 1927 китоби «Намунаи адабиёти тоҷик» – ро таълиф намуд. Ба ин васила собит сохт, ки тоҷикон мардуми таҳҷоии ҳамин сарзамин, яъне Мовароуннаҳру Хуросон буда, забону фарҳанг ва адабиёти қадима доранд. Дар асар намунаҳои зиёде аз эҷодиёти адибони пешин ва ҳамзамононашро оварда, исбот менамояд, ки чароғи илму адабро кайҳо дар ин сарзамин устод Рӯдакӣ ва дигар адибон фурӯзон карда, забони тоҷикиро дар аҳди Сомониён ба пояи забони давлатӣ расонда буданд. Бад – ин тартиб, дар асоси далелҳои қотеъ, таърихи куҳан, фарҳангу адабиёти ғанӣ доштани тоҷиконро собит менамояд.

Ҳозирини арҷманд!

Шаҳри Кӯлоб имрӯзҳо дар партави хуршеди Истиқлол ҳамчун  як гӯшаи ободи кишвар  таҷассумкунандаи самараҳои татбиқи сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Акнун ҳуҷҷатгузорӣ дар ҳама идораву корхонаҳо бечунучаро бо забони тоҷикӣ ҷараён мегирад. Боиси ифтихор аст, ки ҳоло дар шаҳру ноҳия барои рушду камоли забони тоҷикӣ корҳои зиёде ба сомон расонда шудааст. Бо заҳмати омузгорону олимони забоншинос  дар мактабу донишгоҳҳо таълими забони тоҷикӣ ба пояи баланд бардошта шудааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ба он комёб гаштааст, ки номгузории кӯчаву растаҳои шаҳру деҳот, муассисаҳои давлативу шахсӣ ва дигар иншооти фарҳангӣ ва маишиву тиҷоратӣ бо забони давлатӣ сурат гирад. Ба ному насабгузории миллии шаҳрвандон диққати ҷиддӣ дода мешавад.

Итминони комил дорем, ки мардуми сарбаланди Кӯлоб дар татбиқи сиёсати Пешвои миллат якдилу устувор буда, баҳри таҳким ва тақвияти ободкорию созандагӣ минбаъд низ фаъолона талош хоҳанд намуд ва барои сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон аз тамоми имкониятҳо ва захираҳои ҷойдошта самаранок истифода хоҳанд бурд.

Дар поён мехоҳам ба такрор изҳор намоям, ки забони ширини тоҷикӣ омили муҳими ваҳдати миллии мо ва мероси муштараки ҳамаи тоҷикзабонон мебошад.

Бори дигар Шуморо бо ин иди  хуҷаста табрику шодбош гуфта, бароятон саломатӣ, бахту иқболи баланд ва рӯзгори осудаву обод таманно менамоям.

Бигузор забони давлатӣ дар партави хуршеди Истиқлол то абад пойдор бимонад!

Ташаккур!

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code