ПОЙДОРИИ ЗАБОН – ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ АСТ!

Санаи 4- ми октябри 2019 кормандони Муассисаи давлатии «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»  бахшида ба «Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  дар ҳамкорӣ бо  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб конференсияи илмӣ –назариявиро бо иштироки васеи хонандагон, олимон, шоирон ва аъзоёни ташкилоти ҷумҳуриявии ҷавонон «Созандагони Ватан» баргузор  намуданд. Конференсияро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ш.Кӯлоб  Ҳамидиён  Орзу  огоз намуда, аз ҷумла қайд намуданд, ки забон ифодагари тафаккури шахс ва миллат аст. Забони давлатӣ боигарии бебаҳои ҳар шаҳрванди ин сарзамин буда, ҳамроҳ  бо  дигар  рамзҳову  муқаддасоти давлати соҳибистиқлоламон дар ҳаёти мо нақши махсус дорад. Аз ин лиҳоз, ҳамаи моро мебояд, ки дар кори бунёду  устувории Ватани азизамон дар роҳи сулҳу  суббот, Ваҳдати миллӣ ва Истиқлолияти давлатии ҷумҳуриамон ҳама якдилона хизматҳои барҷаста намоем.

Инчунин шоираи ширинкалом Хосият Вализода, шоир Лутфи Хомӯш, Хушвахтова Бибинур-мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи МИҲД-и ш.Кӯлоб, Шамсуддинова Тахмина-корманди китобхона фикру андешахои  хешро  оиди масъалаҳои асосии  инкишоф ва рушди забони тоҷикӣ  дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ баён намуда, муҳаббати бепоёни худро нисбати  Асосгузори сулҳу ваҳдати милли-Пешвои миллат, Президенти  мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  нисбати  гул-гулшукуфӣ, пешрафту тараққиёти  Ватани азизамон  изҳор намуданд.

Дар  охир аъзоёни маҳфили «Ганҷи дониш»-и назди китобхона бо қироати шеър ва суруд хотири ҳозиринро шод намуданд.

       Абдулҳакимзода  Саодат- корманди  Муассисаи давлатии

  • «Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон
  • ба номи Садриддин Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб»

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code