Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона»

Санаи 3-юми октябри соли равон дар толори Қасри фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб бо иштироки сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода Искандар, Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Иноятзода Баҳром, омӯзгорон, донишҷӯён, фаъолони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб, имомхатибони шаҳру ноҳияҳо ва кормандони ҳифзи ҳуқуқ Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона» баргузор гардид.

Сараввал, Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Иноятзода Баҳром суханронӣ намуда, меҳмонон ва дигар иштирокдоронро барои ташрифашон хайрамақдам гуфта, ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшид.

Сипас, сардори РВКД дар вилояти Хатлон генерал-лейтенанти милитсия Солеҳзода И. дар мавзӯи “Истиқлол кафили амну осоиштагӣ ва якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон” суханронӣ намуда, оид ба вазъи имрӯзаи кишвар, пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ, бемориҳои сироятӣ, нашъамандӣ ва дигар мавзуъҳои мубрами рӯз ибрози назар кард.  Қайд намуд, ки бояд ҷавонони мо шукргузор аз имрӯзи дурахшони диёр ва бо дарку ҳисси баланди миллӣ барои рушди Ватани муқаддаси хеш саҳмгузор бошанд. Имомхатибон дар мавъизаҳои худ оид ба пешгирӣ аз ифротгароӣ, худкушиву худсӯзӣ, даст задани ноболиғон ба ҷиноят, ВНМО ва нашъамандӣ пайваста бо далелҳои шаръӣ ба мардум корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, мавқеи худро ҳамчун ҳомии асили Ватан дошта бошанд.

Баъдан Раиси шаҳри Кӯлоб Иноятзода Баҳром баромад намуда, бо шукргузорӣ аз Истиқлолияти давлати азизамон ба иштирокдорон таъкид намуд, ки ин оромиву субот ва фазои озодиро зарур аст, ки ҳар яки мо пос дошта, дар ҳар нафаси худ аз ин неъмати гаронарзиши миллати худ ифтихору шукургузорӣ намоем. Дар ҷомеа барои ҳимояву дифоъ аз фарҳангу тамаддуни хеш, тарғиби сару либоси миллӣ, эҳтиром доштан ба анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, таълиму тарбияи насли наврас дар ҷодаи хештаншиносиву худогоҳӣ ҳамагон масъулият эҳсос намуда, баҳри солимиву ободии ҷомеа талош варзем.

Дар рафти конференсия муаллими калони кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи А.Рӯдакӣ Яқубзода Фирӯз дар мавзӯи “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” ба музокира баромада, иброз дошт, ки баъзе аз гуруҳҳои ҷудоихоҳу манфиатҷӯ қисмати камтаҷрибаи ҷомеа, бахусус ҷавононро ҳадафи доми фиреби худ қарор дода, мехоҳанд ба равиши сарсабзӣ ва пояи ободии кишвар, сулҳу амният теша зананд. Директори генералии Маҷмааи ҷумҳуриявии Осорхонаи шаҳри Кӯлоб Ҳотам Раҷаби Асозода ба сухан баромада, оид ба таҳаммулгароӣ ва инсондӯстӣ дар эҷодиёти Мир Саид Алии Ҳамадонӣ изҳори назар намуд. Дар ҷараёни конференсия донишҷӯён ва фаъолони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ба сухан баромада, оид ба ваҳдати миллӣ, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, созандагиву ободонӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва арзишҳои соҳибихтиёрӣ, демократия ва баробарҳуқуқӣ фикру андешаҳои худро иброз доштанд. Конференсияи илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” дар сатҳи зарурӣ баргузор гардида, ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат хоҳад намуд.

                                                                                 Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code