Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати панҷум баргузор гардид

Санаи 30-юми сентябри соли 2019 дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб Иҷлосияи нуздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб, даъвати панҷум  баргузор гардид.

Дар кори иҷлосия вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят аз шаҳру деҳоти Кӯлоб, муовини якуми раиси шаҳр, муовинони раиси шаҳр, сардорони раёсатҳо, мудирони шуъбаҳо, бахшҳои дастгоҳи раис, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, роҳбарони ташкилоту муассисаҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои деҳот, роҳбарони муассисаҳои тандӯрустӣ, таълимию томактабии шаҳр, ташкилотҳои ҷамъиятию сиёсӣ, роҳбарони корхонаҳои саноатӣ, раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ, имомхатибони масҷидҳо ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд

Ҳамчунин дар кори иҷлосия иҷрокунандаи Раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Иноятзода Баҳром ва намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон, муовини якуми раиси вилоят муҳтарам  Хайрулло Амонулло иштирок намуданд.

Баъди муайян намудани ҳайати котибот кори иҷлосия оғоз гардида, аз рӯйи масъалаи якум  оид ба ҳолати иҷрои  барномаҳои давлатӣ дар соҳаи саноат дар шаҳру деҳоти Кӯлоб муовини раиси шаҳр Исмоилзода С. баромад намуда, ҷиҳати корҳои иҷрогардида ҳисобот дод.

Тибқи тартиб аз ҷониби вакилон ва шахсони масъул оид ба масъалаҳои рафти амалишавии лоиҳаҳо оид ба беҳтар намудани таъминоти аҳолӣ бо оби нушокӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб, ҳисоботи комиссияи доимии Маҷлиси вакилони халқи шаҳри  Кӯлоб оид ба қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, оид ба тасдиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои  солҳои 2020-2025 ва дар бораи тасдиқи қарорҳои раиси шаҳри Кӯлоб гузоришу ҳисоботҳо хонда шуд.

Дар охир баъди натиҷагирии муовини якуми раиси вилояти Хатлон Хайрулло Амонулло аз рафти корҳои анҷомдодашуда дар шаҳри Кӯлоб Иҷлосияи нуздаҳуми (даъвати панҷуми) Маҷлиси вакилони халқи шаҳрро бо Суруди миллӣ  пӯшида эълон намуданд.

Шокирҷони Карим-

мудири бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code