Гусели наваскарони Кӯлобшаҳр

Санаи  1 –уми сентябри соли 2019 дар боғи фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Кӯлоб маъракаи  гусели наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон  доир карда шуд.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳри Кӯлоб Исмоилзода С., собиқадори ҷанги Бузурги Ватанӣ, полковники мустаъфӣ  Бекматов Мирзо, шоирону нависандагон иштирок намуда,  ба навасакрон роҳи сафед ва хизматӣ шоиста дар  сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таманно намуданд.

Сараввал, Исмоилзода С.-муовини раиси шаҳри Кӯлоб суханронӣ намуда, оид ба ҳифзи марзу буми кишвар ва ҳуввияти ватандориву хештаншиносӣ баромад намуд. Ӯ қайд намуд, ки  «Шарафи бузург аст, ки сарфармондеҳии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад. Бо ибтикори созанда ва сулҳпарваронаи  Пешвои миллат қисмҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тамоми шароитҳои зарурӣ  муҳайё мебошанд.

Барои ҳамаамон шарафи бузург аст, ки имрӯз Ватани азизи мо – Тоҷикистон дорои Артиши миллии пурқудрату тавоно буда, марзу буми кишварро фарзандони ба ору номӯсамон ҳимоят мекунанд».

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-  Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд менамоянд, ки:  «Артиши ҷавони мо хусусан дар  солҳои душвору фоҷиабори ҷанги шаҳрвандӣ якҷо бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои низомии мамлакат дар ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ, ҳимояи марзҳои Ватан, безарар гардонидани гурӯҳҳои террористиву экстемистӣ , дастаҳои мусаллаҳи ҷинояткории трансмиллӣ ва хомӯш кардани ошубҳои хиёнаткорона бар зидди давлат ва ҷомеа саҳми сазовору ҷавонмардона гузошт».  Ташкил ва таъмини тавоноии артиши миллӣ яке аз комёбиҳои бузурги Тоҷикистони соҳибистиқлол аст.

Ҷиҳати иҷрои  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 сентябри  соли 2019, №1353 «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1992-2001 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» имрӯз ҷавонони ба ору номӯси шаҳри  Кӯлоб омодаанд  ихтиёран дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат намояяд».

Ба ин маънӣ собиқадорони ҷангу меҳнат низ иштирок ва баромад намуда, даъватшудагони ихтиёриро барои сафарбар гардиданашон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ изҳори дуруду шодбошӣ намуданд.

Дар охир баҳри оғози Рӯзи даъвати наваскарон ба сафи  Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии фарҳангӣ бо иштироки ҳунармандони бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

 Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code