ЭЪЛОН !

1.Мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи сеюм), маоши мансабӣ – 1387 сомонӣ;

2.Сармутахассиси шуъбаи иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 1032 сомонӣ;

3.Мутахассиси пешбари бахши молиявӣ-хоҷагидории дастгоҳи Раиси шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 846 сомонӣ;;

4.Мутахассиси пешбари бахши фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 846 сомонӣ;

5.Мутахассиси шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансабӣ – 696 сомонӣ;

6.Сармутахассис (муҳандис-замсинсоз)-и Ҷамоати деҳоти Кӯлоб –          1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;

7.Сармутахассис (муҳандис-замсинсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зарбдор –        1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;

8.Сармутахассис (муҳандис-заминсоз)-и Ҷамоати деҳоти Зиракӣ-           1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;

9.Сармутахассис (муҳандис-замсинсоз)-и Ҷамоати деҳоти Даҳана –        1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;

10.Сармутахассис-сармуҳосиби Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;

11.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;

12.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зарбдор – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;

13.Сармутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи панҷум), маоши мансабӣ – 894 сомонӣ;

14.Мутахассиси пешбари нозири мизи ҳарбии Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;

15.Мутахассиси пешбар оид ба соҳаи андози Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи шашум), маоши мансабӣ – 732 сомонӣ;

16.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Кӯлоб – 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансабӣ – 572 сомонӣ;

17.Мутахассис оид ба соҳаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Ҷамоати деҳоти Даҳана – 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансабӣ – 572 сомонӣ;

18.Мутахассиси Ҷамоати деҳоти Зиракӣ – 1 ҷой (категорияи ҳафтум), маоши мансаби 572 сомонӣ.

Барои иштирок дар озмун ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда:

 –  ариза ба унвони Раиси шаҳр;

– варақаи шахсии баҳисобгирии кадрҳо (бо 2 дона акси андозаи 4х6);

– тарҷумаи ҳол;

– нусхаи ҳуҷҷатҳо дар бораи таҳсилот;

– нусхаи дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳое, ки шахс собиқаи меҳнатӣ

  надорад);

– маълумотнома оид ба вазъи саломатии шакли 0,38УЕ;

– нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН);

– маълумотнома дар бораи даромад ва вазъи молу мулк;

– нусхаи шиноснома;

– маълумотнома дар бораи надоштани доғи судӣ;

– нусхаи билети ҳарбӣ (барои шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо намудаанд).

 Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мудири шуъба

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-4 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 5 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби сармутахассис

-таҳсилоти олии касбӣ, ихтисоси ба мансаби ишғолшаванда мувофиқ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад;

-2 сол собиқаи хизмати давлатӣ ё 3 сол собиқаи умумии меҳнатӣ;

-малакаи хуби муошират бо аҳли ҷомеа, аз ҷумла маҳорати ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҳангоми татбиқи манфиатҳои давлатӣ.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассиси пешбар

– таҳсилоти олии касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

Талаботи тахассусӣ барои ишғоли мансаби мутахассис

– таҳсилоти олии касбӣ ё миёнаи касбӣ, ки иҷрои самараноки вазифаҳои мансаби мазкури маъмурии хизмати давлатиро таъмин карда метавонад.

-малакаи кор бо компютер.

       Суроға ва мӯҳлати қабули ҳуҷҷатҳо

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Телефон: (8-33-22)  2-29-06, 2-28-26, шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси шаҳри Кӯлоб;

Қабули ҳуҷҷатҳо тибқи эълони озмун 21 рӯз аз рӯзи нашрияҳои расмӣ.

Баррасии ҳуҷҷатҳо 1 ҳафта баъд аз 21 рӯзи қабули ҳуҷҷатҳо

Эзоҳ: Иловапулӣ ба маоши мансабӣ барои собиқаи хизмати давлатӣ ҳар моҳ ба андозаи муқарраргардида пардохт карда мешавад.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code