Чорабинӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи Ҷалолуддини Балхӣ

Санаи 30 сентябри соли 2019 дар Қасри фарҳанги мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб чорабинӣ бахшида ба Рӯзи Мавлоно Ҷалолудддини Балхӣ баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур муовини раиси шаҳр Кенҷамо Маҷидова ва шоирону адибони барҷастаи шаҳри Кӯлоб, омӯзгорону донишҷӯён ва дигар ҳаводорони шеъру шоирӣ ширкат варзиданд.

Чорабиниро муовини соҳавии раиси шаҳри Кӯлоб Кенҷамо Маҷидова бо суханҳои ифтитоҳиву табрикии худ оғоз бахшида, дар ситоиш бо шеъри адиби оламшумул якчанд сухан гуфта, аз ашъори адиб низ ёдоаврӣ намуд.  Ӯ қайд намуд: «Боиси хушнудӣ ва сарфарозист, ки баъд аз истиқболи рӯзи саромади шеъри тоҷик, одамушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мову шумо ба хотири бузургдошти рӯзи боз як нобиғаи дигари адабиёти оламшумули худ- Ҷалолуддини Балхӣ дар ин толори муҳташам, бо ҳам омадем. Ба ин хотир, ҳамаи шуморо ба муносибати рӯзи Ҷалолуддини Балхӣ табрик гуфта, таманнои он дорам, ки дунёи зиндагиву рӯзгоратон пур аз маъниҳои эҷоди Мавлавӣ бошад».

Дар ин росто шоирони шуҳратёри шаҳри Кӯлоб Ҳақназар Ғоиб, Лутфи Хомӯш ва Фавйзи Ашур низ бо суханони ёдбошӣ аз ашъори орифу оқил устод Ҷалолуддини Балхӣ ёдоварӣ намуда, мисраҳои шеърии худро дар васфи ӯ қироат намуданд.

Дар идомаи чорабинӣ аз ҷониби бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб чорабинӣ бо саҳаначаи  ҳаҷвӣ аз осори ӯ ва сурудани шеъру ғазал аз меъроси гаронарзиши адиб- Ҷалолуддини Балхӣ хотима ёфт.

                                                                                     Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code