Сафари раисони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон ба шаҳри Кӯлоб

Санаи  24 сентябр, ҳайати роҳбарони шаҳру навоҳии вилояти Хатлон таҳти роҳбарии муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло бо мақсади боздид аз иншоотҳои бунёдшудаи ҷашнӣ вориди шаҳри Кӯлоб шуданд.

Сараввал, меҳмонон дар Ҷамоати деҳоти Зиракӣ аз маҷмааи истеҳсолӣ-кишоварзии Кӯлоб дидан карданд. Зикр шуд, ки дар ин маҷмааи кишоварзӣ-саноатӣ хоҷагидорон азм доранд дар майдони 10 гектар гармхонаи лимӯпарварӣ, 15 гектар токзор, 10 гектар боғи интенсивӣ, дар масоҳати 2 гектар ҳавзи моҳипарварӣ, корхонаи коркарди меваю сабзавот барои дар як сол истеҳсоли то 2,5 миллион банкаи шартӣ, ташкили гӯшаи деҳқон дар 0,50 гектар замини ғайрикишоварзӣ, ду сардхона ҷиҳати нигоҳдории то 10 ҳазор тонна меваю сабзавот ва коллеҷи хусусии агросаноатӣ, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ташкил намуда, ба роҳ монанд.

Баъдан, раисони шаҳру навоҳӣ ба тамошои маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» рафтанд. Маркази хизматрасонии «Модар ва кӯдак» аз се ошёна иборат буда, он аз ошхона барои 100 нафар ҷойи нишаст, маркази дилхушии бозиҳои кӯдакона, толори либосҳои миллии арӯсӣ, кошонаи ҳусн, ҳаммом, маҳси бадан ва толори варзишии занона иборат мебошад. Маркази мазкур 11 сентябри соли ҷорӣ бо иштироки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Ҳамчунин дар саҳни бинои маркази фароғатии «Модар ва кӯдак» ҳуҷраи махсуси ултрасадо барои модарон бо тамоми шароити лозима таҷҳизонида шудааст.

Дар доираи сафари худ меҳмонон аз боғҳои навбунёди ба номи Сайдалӣ Вализода, ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва “Хуталон” дидан намуданд. Зикр шуд, ки боғи «Хуталон» дар масоҳати умумии беш аз 5 гектар бунёд гардида, дар ҳудуди он 200 бех дарахти кипариз лейландӣ, 240 маживелник, 240 дарахтони ороишии шамшод, 90 бех сирен шинонида шуда, 24 фаввораи гуногунранги ороишӣ насб гардидааст, ки ба атроф зебоии хоса зам намудааст. Болои марғзорону сабзаҳои боғ ҳайкалҳои палангу шутур, оҳу кабкҳо баҳри рушди зеҳнии кӯдакон ва дӯст доштани муҳити зист ҷамъ оварда шудаанд.

Боғҳои ба номи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Сайдалӣ Вализода низ бо тарҳи замонавӣ сохта шуда, бо гулу буттаҳо, дарахтони ороишӣ, таҷҳизотҳои истироҳативу варзишӣ, фаввораҳо ва дигар таҷҳизоти фароғатӣ ороиш дода шудаанд, ки нуқтаи истироҳату фароғат ва сайри счокинону меҳмонон гаштааст.

Меҳмонон аз гулгашти ба номи Сафар Амиршоев низ дидан карда, ба ҳусни он баҳои баланд доданд.

Боздид аз фабрикаи паррандапарварии ҶДММ “Саман”-ро, ки дар Ҷамоати деҳоти “Кӯлоб” бо саҳми соҳибкор Масидиқ Одинаев сохта шудааст, як ҷузъи сафари ин ҳайат ба Кӯлоб буд. Фабрикаи паррандапарварӣ барои парвариши 200 ҳазор сар парранда пешбинӣ шуда, дар марҳилаи аввал аллакай парвариши 50 ҳазор сар парранда дар он ба роҳ монда шудааст ва бо технолологияи муосир муҷаҳҳаз мебошад. Дар сурати пурра фаъолият намудани фабрикаи паррандапарварӣ иқтидори истеҳсолӣ зиёда аз 150 ҳазор дона тухм дар як рӯзро ташкил хоҳад дод.

Муовини якуми раиси вилоят Хайрулло Амонулло зикр намуд, ки мақсади ташкили ин сафар аз ҷониби раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода омӯхтани таҷрибаи пешқадам ва дар тамоми шаҳру навоҳии вилоят ҷорӣ намудани чунин технологияҳои муосири саноатӣ, бунёди боғҳои фароғатӣ ва бакорандозии корхонаю коргоҳҳои истеҳсолӣ мебошад.

Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code