Таҷлили тантанавии Рӯзи Рӯдакӣ дар шаҳри Кӯлоб

Санаи 22 сентябри соли равон дар майдони боғи фарҳангиву фароғатии шаҳри Кӯлоб ба номи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ Рӯзи Рӯдакӣ бо иштироки муовини раиси шаҳр Кенҷамо Маҷидова, роҳбарони ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, шоирону нависандагони шаҳр, омӯзгорон, ҳаводорони шеъру шоирӣ ва хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид.

Саравал, баромади муовини раиси шаҳр Кенҷамо Маҷидова шунида шуда, иштирокдоронро ба муносибати таҷлили Рӯзи Рӯдакӣ-шоири забардаст, маликушуарро, сардафтари ададбиёти классики тоҷик табрик намуд.

Иброз намуд, ки мо бо ифтихори баланд аз ин адиби бузурги миллати тоҷик, ки бо шеъру шоирии худ миллати моро зиёда аз 1000 сол аст муаррифӣ менамояд, ёдоварӣ менамоем ва шукргузорӣ мекунем, ки миллати мо соҳиби чунин фарзандони фарзона аст.

аъдан устод Ҳақназар Ғоиб-шоири халқии Тоҷикистон бо шеҳрҳои худ дар васфи устод А.Рӯдакӣ ва суханҳои шодбошӣ баромад намуд.

Ҳамчунин хонандагон низ дар васфи маликушуарро Абуабдулло Рӯдакӣ шеърҳо хонданд ва аз ашъораш низ ёдоварӣ намуданд.

Чорабинӣ бо суруду рақсҳои ҷолиби омоданамудаи бахши фарҳанги шаҳри Кӯлоб хотима ёфт.

                                                                                                                             Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code