Семинар дар бораи савдо  ва хизматрасонӣ  


Бо мақсади муаррифи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боари савдо ва хизматрасонии маишӣ» ва Барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020  санаи 20.09.2019 дар толори қароргоҳи раиси вилояти Хатлон дар шаҳри Кӯлоб семинари омӯзишии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо соҳибкорони шаҳри Кӯлоб доир карда шуд.

Семинар аслан дарбаргирандаи барномаи давлатии мусоидат ба содирот ва воридотивазкунии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020 буда, мутахассисони Вазорат дар ҳамбастагӣ бо намояндагони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соҳибкорони шаҳри Кӯлоб маърӯзаҳои омӯзишии худро хонда, шарҳу тавзеҳ доданд. Инчунин оид ба муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар боари савдо ва хизматрасонии маишӣ» баромад намуданд.

Дар баробари ин ба иштирокчиён шакли электронии мавзуъҳои матраҳгардидаро пешниҳод намуданд.

Семинар бо таассуроти муфид барои соҳибкорон анҷомид.

                                                                                                                  Бахши матбуотӣ  

 

 

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code