Ифтитоҳи бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб 11-уми сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро дар вазъияти тантанавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Бинои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар хиёбони Исмоили Сомонии шаҳри Кӯлоб ҷойгир буда, он аз ду ошёна, 6 ҳуҷраи корӣ, қабулгоҳ, толори маҷлисгоҳ, толори хурд, меҳмонхона ва дигар инфрасохтори зарурӣ иборат мебошад.

Бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб дар доираи ҳидоятҳои созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди корӣ ба кормандон амалӣ гардидааст. Корҳои сохтмонӣ соли 2017 оғоз шуда бо сифат баланд ба анҷом расидааст. Утоқҳои корӣ бо мизу курсӣ ва таҷҳизоти муосири техникӣ муҷаҳҳаз буда, барои кормандон шароити муосири корӣ фароҳам оварда шудааст. Айни замон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб 10 нафар фаъолият доранд, ки аксари онҳоро ҷавонони фаъол ташкил медиҳанд. Сокинон ва аъзоёни ҳизб бо ҷонибдорӣ аз сиёсати созанда ва бунёдкоронаи Пешвои муаззами миллат дар рушди соҳаҳои гуногуни ҷомеа саҳми муносиби худро мегузоранд.

Зимни шиносоӣ аз шароити муҳаёшуда дар бинои мазкур Сардори давлат ба корҳои анҷомдодашуда, баҳои баланд доданд ва ба масъулон ҷиҳати ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои созандаи роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори сипос карданд.

Бо мақсади фароҳам овардани шароиди арзандаи корӣ ва фаъолияти пурсамар аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон се автомашинаи хизматӣ тӯҳфа карда шуд, ки онҳо ба кормондони Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобу Леваканд ва ноҳияи Фархор пешбинӣ гардидааст.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code