Ба истифода додани Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» дар шаҳри Кӯлоб

11 сентябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин дар маҳаллаи Шамсиддин Шоҳини шаҳри Кӯлоб Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил»-ро бо бардоштани парда аз руи лавҳаи рамзӣ, ифтитоҳ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки маркази мазкур бо тамоми таҷҳизоти муосири тиббии ултрасадои дил, велергометрия, сабти барқи дил, дефибрилятор, таҷҳизоти нафасдиҳии сунъӣ, таҷҳизоти набзченкунӣ, кардиомонитор ва таҷҳизоти фишорсанҷӣ муҷҷаҳаз мебошад.

Маркази мазкур дорои шуъбаи машваратию ташхисӣ, ташхиси ултрасадо ва гушаи гулу гиёҳҳои шифобахши ватанӣ, шӯъбаи эҳё ва наҷот, шӯъбаи бемориҳои ишемявии дил, фишорбаландии шараёнӣ ва дармонгоҳ мебошад.

Иншооти мазкур бо таҷҳизоти пешгирӣ аз сухтор муҷаҳҳаз буда, бо системаи гармидиҳӣ таъмин мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо масъулини соҳаи тиб, суҳбати озоду самимӣ намуда, ба онҳо барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии тиббӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Аз тарафи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Муассисаи давлатии «Маркази вилоятии клиникии бемориҳои дил» як адад мошини ёрии таъҷилӣ тақдим гардид.

facebook
twitter

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code