Ярмаркаи масулотҳои кишоварзӣ баргузор гардид

Тибқи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзҳои 07 ва 08 сентябри соли равон ба муносибати 28-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Дониишгоҳи давлатии Кӯлоб ярмарка-фурӯши маҳсулотҳои кишоварзӣ ва саноатӣ баргузор гардид.
Дар ин ярмарка маҳсулотҳои кишоварзӣ, аз қабили пиёз, картошка, карам, гулкарам, сабзӣ помидор, бодиринг, қаланфур, тарбуз, харбуз, ангур, гушт, равған ва дигар маҳсулотҳои ширӣ бо нархҳои дастрас ва аз нархҳои бозор ба куллӣ фарқкунанда ба фурӯш бароварда шуд.
Сокинони шаҳри Кӯлоб барои ин ин иқдоми наҷиби давлату ҳукумат изҳори хушнудӣ ва миннатпазирӣ намуда, маҳсулотҳои ба фурӯш баровардашударо ба пуррагӣ харидорӣ намуданд.

                                                                                                                                  Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code