Офтобро бо доман пўшидан нашояд!

Дар дунё ягон масъала, ҳатто, хурдтарин кори хуб ва баде, ки дар кадом сатҳу доираи сурат нагирад, он ҳатман дер ва ё зуд ошкор мегардад. Баробари дигар корҳои бад дар дунё аз қатлу куштори инсон дида кори бадтар вуҷуд надорад. Чун инсон муқаддас, соҳибкаромат буда, дар байни дигар мавҷудоти рўи олам азизу мўътабар офарида шудааст, қатли инсон сарфи назар аз дину миллат, баромади иҷтимоӣ, мақому вазифааш кори ниҳоят зишту нангин ба шумор меравад. На танҳо куштани як нафари бегона, ҳатто, худкушӣ дар таълимоти дини Ислом манъ карда шудааст. Гузашта аз ин қатли шахсони соҳибфарҳанг, олимону донишмандон, ки ҳамчун чароғи ҷомеа ва пешоҳанг дониста мешаванд, рафтори хоинона душманона буда, барои нобуд намудани миллату давлат роҳандозӣ мегардад.

Наворҳое, ки тавассути телевизиони давлатӣ ва дигар шабакаҳои маҳаллӣ намоиш дода шуданд, шаҳодати гуфтаҳои болост. Афроди алоҳида ба мисли ҳоҷиҳалим Назарзода барои расидан ба манфиатҳои шахсиву гурўҳӣ нақшаҳои бегонагонро роҳандозӣ намуда, дар ин давраи соҳибистиқлолӣ чӣ қадар ба ҷомеа зиён овардаанд. Махсусан қатли олимон, донишмандон ва сиёсатмадороне, ки ҷони худро барои пешравию ободии давлату миллати хеш дареғ накарда, пайваста заҳмату талош доранд, ба ҳар кишваре набошад, зарбаи бисёр сахт буда, миллатро заифу нотавон мегардонад.

Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ кишварҳои абарқудрати ҷаҳон кўшиш менамуданд, ки нуфузу таъсири худро дар минтақаи Осиёи Марказӣ аз ҷумла, Тоҷикистон мустаҳкам намоянд ва дар оянда ба ҳадафу мақсадҳои сиёсиву геополитикии хеш муваффақ бигарданд. Онҳо дар ин роҳ аз ҳама имконияту роҳҳо фиребу найрангҳои сиёсӣ, тарғиби идеологияҳои сиёсӣ, қатлу куштор, низоъбарангезӣ истифода мекарданд. Чунин муносибат усулҳои муосир набуда, аз қадим мавриди истифода мебошад. Хосатан нобуд кардани олимону донишмандони як миллату ҷомеа, ки онҳо чун гурўҳи огоҳу бедор, ояндабину равшанфикри ҳастанд, имконияти тавонмандии он миллатро заиф намуда, руҳияи созандагиву бунёдкории онро нобуд менамояд.

Аз гуфтаҳои боло ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки баланд бардоштани мақому ҷойгоҳи олимону донишмандон, омўзгорон, ки дар роҳнамоӣ ва пешрафти миллату давлат мақоми назаррас доранд, кори бисёр азиз ва муҳим мебошад. Танҳо он давлате пеш меравад, ки агар олимону донишмандон, равшанфикрону омўзгоронаш рисолати худро дуруст анҷом дода, дар иҷрои вазифаҳои асосии худ имконияту тавоноии лозима дошта бошанд. Нобудӣ ва беэҳтиромӣ нисбат ба ин гурўҳи равшанфикру равшанзамири ҷомеа, оқибат ба ояндаи давлат таъсири манфӣ расонида, миллатро ба нобудӣ мерасонад. Қатлу куштори донишмандон чун Муҳаммад Осимӣ, Сафаралӣ Кенҷаев ва дигарон низ бо ҳамин мақсад ва барои барангехтани низоъ ва ноором кардани авзои ҷомеа сурат гирифтааст.

Агар душман як миллатро нобуд кардан хоҳад, олимону донишмандон ва фарҳангу забони онро аз байн мебаранд. Зеро, забон, фарҳангу анъанаи миллӣ ҳастии миллат буда, бо хомўш кардани чароғи маърифат метавон ба ҳама ҳадафу мақсадҳо, аз ҷумла, ғулому пойбанд кардани мардум, муяссар гардад. Бесабаб намегўянд, ки марги олим ин марги олам аст. Марги олимону донишмандони як миллат ин ба шикасту нобудии миллат оварда мерасонад. Пешравию муваффақияти давлат низ аз комёбӣ, маҳсулнокӣ ва дараҷаи рушди илму техника, сатҳу сифати маориф, меҳнату дастоварди олимон вобаста аст. Чи қадар имконияту шароити олимону донишмандон, омўзгорон беҳтару хубтар бошад, ҳамон қадар низ давлат рушд намуда, дар арсаи ҷаҳонӣ обрўву эътибори бештар касб менамояд.

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code