Ёддошти тафоҳум байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон — омили рушди ҳамкориҳои дуҷониба

Дар шаҳри Теҳрони Ҷумҳурии Исломии Эрон 1 июни соли 2019 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Зариф баргузор гардид ва ҷонибҳо дар анҷоми мулоқот «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯбиҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният» ба имзо расониданд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доир ба густариши равобити дуҷонибаи сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ изҳори назар намуда, масъалаҳои таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонӣ, бахусус тақвияти фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Эронро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар мулоқот таъкид гардид, ки дар партави ҳидояту роҳнамоии раҳбарияти олии ду кишвар мушкилоти мавҷуда ба зудӣ рафъ шуда,  робитаҳои дуҷониба густариши бештар пайдо хоҳанд кард.

Муштаракоти таърихӣ, фарҳангӣ ва манфиатҳои миллии ду кишвар водор месозанд, ки муносибатҳои дутарафа  дар сатҳи баланд  барқарор ва рушд ёбанд.

Бинобар доман паҳн кардани зуҳуроти терроризму ифротгароӣ ва таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир вазирони корҳои хориҷии ду кишвар аҳамияти муборизаи дастҷамъонаро алайҳи ин зуҳуроти хатарзо муҳим дониста, қарор доданд, ки дар ин замина ҳамкориҳои дуҷонибаро васеъ  ва фарогир ба роҳ монанд.

Имзои «Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Эрон оид ба усул ва чаҳорчӯби ҳамкории дуҷониба дар соҳаи амният», ки ҷиҳати густариш бахшидан ба равобити мақомоти амниятии ду кишвар дар ин ҷода мусоидат менамояд, арзишманд арзёбӣ гардид.

Тарафҳо тибқи Ёддошти баимзорасида минбаъд вазифадор мешаванд, ки ҷиҳати таъмини амният ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар самтҳои пешгирӣ аз ғасби ҳокимият, таҳдидҳо бар зидди асосҳои сохтори конститутсионӣ, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва маблағгузории онҳо, пешгирии муомилоти ғайриқонунии силоҳ ва моддаҳои тарканда, мубориза бар зидди муҳоҷирати ғайриқонунӣ, хариду фурӯши одамон, пешгирӣ  ва мубориза бар зидди ҷиноятҳо бо истифода аз технологияҳои иттилоотӣ, киберҷиноятҳо, пешгирии барасмиятдарории даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда, маблағгузории терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ) ҳамкорӣ карда, ба корҳои дохилии якдигар дахолат намекунанд.

Дар Ёддошти тафоҳум омадааст, ки тарафҳо «аз фаъолияти ҳизбу созмонҳое, ки ҳамчун  ташкилоти террористӣ ва экстремистӣ эътироф шудаанд, пешгирӣ карда, аз ҳама гуна намуди дастгирӣ ва ҷонибдории онҳо худдорӣ намоянд».

Дар ин замина ҷониби Эрон таъкид намуд, ки дар қаламрави худ аз фаъолияти аъзо ва пайравони ҳизбу гурӯҳҳои террористӣ ва ифротӣ, аз ҷумла ҳизби наҳзати исломӣ пешгирӣ хоҳад кард.

Дар баробари ин тарафҳо уҳдадор шуданд, ки ҳамкориро доир ба мубодилаи иттилоот оид ба самтҳое, ки дар боло зикр гардиданд, густариш бахшида, ҳамдигарро бо маводи илмию таълимӣ таъмин месозанд ва барои гузаронидани чорабиниҳои муштарак тадбир андешида, дар қаламрави давлатҳо таҳсили ғайриқонунии шаҳрвандонро пешгирӣ менамоянд, кумакҳои моддию техникӣ расонида, аз таҷрибаи  якдигар истифода мекунанд.

Тарафҳо таъкид намуданд, ки расонаҳои ҳар ду ҷониб минбаъд ба нафъи ғояву ормонҳои миллии ҳар ду кишвар хидмат карда, дар тарғибу густариши бештари муносибатҳои дӯстона мусоидат хоҳанд намуд.

Дар Панҷумин машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки 15 июни соли 2019 дар Душанбе бо иштироки сарони кишварҳои минтақа баргузор мегардад, бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон муҳтарам Ҳасани Рӯҳонӣ иштирок хоҳад кард.

Дар доираи баргузории Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё сарони ду кишвар масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эронро мавриди муҳокима қарор хоҳанд дод.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code