Иштирок дар расми гузашти низомӣ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ

Имрӯз ҳамчунин Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ташриф оварданд.

Нахуст Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди маҷмааи ёдгории сарбозону афсарон, ки дар ҳифзи сарҳади давлатӣ ҳалок шудаанд, бо нишони эҳтиром гулчанбар гузоштанд.

Сипас Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадӣ суханронӣ намуда, ба онҳо ва кулли хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистонро табрик гуфтанд ва дар иҷрои вазифаи муқаддаси ҳарбӣ далериву шуҷоат ва шарафу комёбӣ орзу намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ таъкид намуданд, ки Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали истиқлоли давлатии кишвар дар ҷойи холӣ, бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфта, бо гузашти 25 сол дар натиҷаи ҷаҳду талошҳои шаборӯзӣ ба як нерӯи муқтадири муҳофизи марзу буми Ватан табдил ёфтанд.

Таъкид гардид, ки яке аз тадбирҳои аввалине, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои дар ин самт гузошташуда мусоидат намуд, бунёду навсозии инфрасохтори сарҳадӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои сарҳадбонон мебошад. Ва имрӯз бо қаноатмандӣ гуфта метавон, ки инфрасохтори Қӯшунҳои сарҳадии мамлакат тадриҷан ба талаботи меъёрҳои замонавӣ мутобиқ шудааст. Ҳоло сарҳадбонони даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳифзи амнияти ҷомеа, ҳимояи марзҳои кишвар ва истиқлолияти давлати тоҷикон хизматро дар шароити муосир анҷом медиҳанд.

Бо қаноатмандӣ изҳор гардид, ки роҳбарияти давлату Ҳукумат минбаъд низ ҷиҳати таҳкими заминаҳои моддиву техникӣ, таъминоти воҳидҳои махсус ва ҷузъу томҳои ҳарбӣ бо таҷҳизоту техникаи замонавии ҳарбӣ, муҳиммоти ҷангӣ ва ҳаллу фасли масъалаҳои иҷтимоии ҳайати шахсӣ тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, дастгириву ғамхориро ҷиҳати беҳсозии хизмати марзбонон ва шароити зисту рӯзгори онҳо тавсеа мебахшад.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҷалби таваҷҷуҳи муҳофизони Ватан ба равандҳои номатлуби сиёсию иҷтимоӣ дар гӯшаҳои гуногуни ҷаҳон ва кӯшишҳои ба муноқишаҳои мусаллаҳона кашидани минтақаҳои мухталифи  олам онҳоро ба зиракию ҳушёрии мудом, омодагии баланди ҳарбӣ ва ҳифзи музаффариятҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳидоят намуданд.

Ба таъкиди Пешвои миллат марзбонони тоҷик ҳамеша амиқан дарк мекунанд, ки пешгирӣ кардани зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, ки маҳз тавассути сарҳад ба амал меояд, яке аз роҳҳои таъмини зиндагии осоиштаи мардуми кишвар ва минтақа мебошад.

Баъди суханронии Президенти мамлакат, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузашти низомӣ доир гардид.

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code