Омодагиҳо ба фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак

Ҳамасола рӯзи 1 июн дар тамоми дунё Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдак истиқбол карда мешавад.

Бо мақсади ба ҳаёти солим ҷалб намудани кӯдакон ва дарёфти истеъдоҳои наврас бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва тарбиятгирандагони муассисаҳои томактабии шаҳр рӯзҳои 24 то 30 май соли равон  озмунҳои «Рассоми беҳтарин», «Дастони моҳир», «Ихтироъкори беҳтарин», «Ровии беҳтарин», «Сарояндаи беҳтаирн» эълон карда мешавад.

Дар асоси нақшаи чорабиниҳо оид ба таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдак дар шаҳру деҳоти Кӯлоб чорабиниҳои мухталиф   гузаронида  шуда истодааст.

  Санаи 27 майи соли 2019 дар боғчаи бачагонаи №1 ва санаи 28 майи соли ҷорӣ дарбоғчаи бачагонаи №2 миёни кӯдакон озмунҳои  «Дастони моҳир»,   «Рассоми беҳтарин»,  «Шеър ва  суруди беҳтарин»  гузаронида шуд.

  Намояндагони шуъбаву бахшҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб озмунҳоро баҳогузорӣ намуда,  ғолибонро муайян карданд.

Ғолибон дар рӯзи Байналмилалии кӯдак бо туҳфаҳои хотиравӣ  сарфароз  гардонида мешаванд.

                                                                                                                                                                                                              Бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code