Маҷлиси назоратии назди раиси шаҳри Кӯлоб

Санаи 27 майи соли 2019 дар толори хурди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб маҷлиси назоратии назди иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳр баргузор гардид.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Иноятзода Б. оид ба масъалаҳои мухталиф суханронӣ намуда, шахсони масъулро пурсиш ва дастуру супоришҳо доданд.

Саравал. оид ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ва иҷрои дурусту саривақтии онҳо гуфта гузашта, аз масъулин ҷиҳати корбарӣ ва назорати онҳо пурсиш намуданд. Ҳамчунин ҷиҳати таҳти назорат қарор додани асноди назоратӣ, қарорҳои раиси шаҳр ва рафти иҷроиши онҳо дастур доданд.

Ҳамзамон, дар баргузории ҷаласа оид ба рафти сохтмони иншоотҳо, омодагиҳо ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷроиши нақшаи андоз, пардохти қувваи барқ, равшангардонии кӯчаҳои шаҳру деҳот, ба тартиб даровардани бозорҳо ва хотима додани савдои сарироҳӣ, тоза нигоҳ доштани шаҳр аз партовҳо, назорати партовгоҳҳо, истифодаи самараноки заминҳои кишт, ба тартиб даровардани заҳбуру заҳкашҳо, иҷроиши кишти зироатҳо, махсусан пахта масъулинро пурсида, баҳри сифатнок иҷро намудани уҳдадориҳо супоришҳои мушаххас доданд.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Иноятзода Б. дар баргузории маҷлис, ҳамчунин таъкид доштанд, ки то таҷлили 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкилот, муассиса ва корхонаҳои ҳудуди шаҳрро зарур аст, ки бо тамоми нерӯву қувваи худ барои ободу зебо гардонидани шаҳрамон масъулият эҳсос намуда, иншоотҳои ҷашниро ҳамаҷониба омода сохта, бо як ҳисси баланди ватандорӣ ҷашни пурифтихори миллиро истиқбол намоем.

Бахши матбуотӣ

 

 

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code