Вохӯрии Ёрдамчии Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо омӯзгорони донишгоҳу донишкада, коллеҷҳо ва директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ

Санаи 26 майи соли ҷорӣ (тақрибан соатҳои 12:00) дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таҳти раёсати Ёрдамчи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода А., вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Н.Саид, иҷрокунандаи вазифаи раси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Иноятзода Б. вохӯрӣ бо роҳбарияти Донишгоҳи далатии Кӯлоб, Донишкадаи технологӣ ва менеҷменти инноватсионӣ, коллеҷҳо, омӯзишгоҳҳои касбӣ-техникӣ, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ доир гардид.

Дар вохӯрӣ сараввал Ёрдамчи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонзода А. баромад намуда, оид ба риояи фарҳангӣ миллӣ, махсусан тарғиби либоси миллӣ, дар муассисаҳои таълимӣ риояи сару либоси ягона, мубориза бар зидди бегонапарастӣ, сиёҳпӯшии занону бонувон, ҳамчунин доир ба мубориза ба ифротгароӣ, пешгирии хатари ҳизбу ҳаракатҳое, ки характери ифротӣ доранд, баҳри ноил гардидан ба ҳамаи ин додани таълиму тарбияи дуруст ба хонандагону донишҷӯён, омӯзонидани касбу кори гуногун сӯҳбат анҷом доданд.

Мавсуф оид ба манфияти фарҳанги миллӣ баромад намуда, ҷамбаҳои муҳими фарҳангсолориро ба иштирокдорон тавзеҳ доданд.  Ҳамзамон, оид ба назорати муассисаҳои таълимӣ, омодагиҳо ба ҷашни 28-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, таъмир ва гулзор намудани назди биноҳои таълимӣ ва амсоли ин дастуру супоришҳо доданд.

Дар тақвияти гуфтаҳо вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Н.Саид суханронӣ карда, роҳбарияти донишгоҳ, донишкада, коллеҷҳо ва директорони муассисаҳои таълимиро барои тақвият додани корҳои идеологӣ, тариқи телевизион ва радио баргузории мизҳои мудаввар, миёни аҳолӣ гузаронидани корҳои таблиғотӣ оид ба риояи либоси миллӣ, таълиму тарибяи фарзандон, муносибат бо китобхонаҳо дастур доданд.

Нобурда иброз доштанд, ки «Мо маорифчиён қишри пешқадами ҷомеа буда, дар тарбияву таълими ҷомеа зарур аст, ки саҳми арзандаи худро дошта бошем».

Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Кӯлоб муҳтарам Иноятзода Б. дар суханронӣ сараввал миннтадории худро ба меҳмонон баён дошта, баъдан ҷиҳати дар якҷоягӣ барои ободии шаҳри азизамон бо масъулияти хосса корбарӣ намуда, то 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳусни шаҳр зебоӣ замъ намуданро ба иштирокдорон тавсия намуданд. Ҳамчунин қайд намуд, ки дар ободии шаҳрамон зарур аст, ки ҷузъи хурдтарини ҷомеа саҳми худро дошта бошад ва ҳамагон дар якҷоягӣ бо завқу шавқ ба ободиву хуррамгардонии шаҳрамон рӯй оварем.

Иштирокдорон баҳри сармашқи кори худ қарор додани суханони зикргардида, ҳамчун роҳбари як муассиса нақши худро дар пешрафту шукуфоии давлати азизамон гузоштанро уҳдадории худ дониста, барои ҳалли масъалаҳои болозикр дар муҳлати муайянгардида, ваъда доданд.

Шокир Каримзод-мудири бахши матбуотӣ

Шарҳи худро гузоред

Еmail-и шумо нашр нахоҳад шуд. бахшҳои ҳатми бо * ишора шудаанд *

*

code